Раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Мирзо Исмоилзода: «Бо мақсади аз байн бурдани ҳолатҳои коррупсионӣ истифодаи варақаҳои пардохти рақамдор пурра манъ гардид»

0
171

Раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Мирзо Исмоилзода: «Бо мақсади аз байн бурдани ҳолатҳои коррупсионӣ истифодаи варақаҳои пардохти рақамдор пурра манъ гардид»

ДУШАНБЕ, 11.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло дар ҳамаи шабакаҳои барқӣ истифодаи ва­ра­қаҳои пардохти рақамдор (квитансияҳо) пурра манъ карда шудааст.Баҳисобгирии масрафи барқ ва қабули пар­дохт­ҳо тавассути барномаҳои тарҳрезигардида ба роҳ монда мешаванд, ки ин  ҳолатҳои азхуд­кунии маблағҳоро пешгирӣ намуда, барои  аз байн бурдани ҳолатҳои коррупсионӣ мусоидат менамояд. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Ширкати саҳомию холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» Мирзо Исмоилзода иброз намуд.

«Дар 64 шабакаҳои барқии минтақавӣ, шаҳрӣ ва ноҳия­вии зертобеи ширкат низоми биллингии муосир аз тарафи ширкатҳои ватанӣ тарҳрезӣ шудааст. Аз ҷумла, кори системаи билингии “Express Client” дар 24 шабакаҳои барқӣ ва “Tajbilling» дар 39 шабакаҳои барқӣ пурра тарҳ­резӣ ­гардидаанд. Инчунин ҳамаи гурӯҳҳои истифодабарандагон ба барномаҳои мазкур ворид карда шуда, бахши ҳисоббаробаркунӣ аз баҳисобгирии китобӣ ба системаҳои биллингӣ ба роҳ монда шуда истодааст»,-илова намуд номбурда.

Баҳри ба роҳ мондани ҳисоби дурусти хароҷоти неруи барқ аз тарафи зерсохторҳои Ширкати «Барқи Тоҷик» дар давраи аз моҳи сентябри соли 2018 то 1 январи соли 2020 дар воридаҳои 0,4 кВ-и истгоҳҳои трансформатории 6-10/0,4 кВ, дар маҷмӯъ 5416 адад ҳисобкунакҳои барқии куҳна ба ҳисобкунакҳои барқии электронии интеллектуалии замо­навӣ иваз  гардидаанд.

Инчунин бо мақсади ба роҳ мондани ҳисоби дурусти неруи барқ соли 2019 ба миқдори 24086 адад ҳисобкунакҳои барқии муштариён аз даруни ҳав­лиҳо ва 4386 адад аз даруни хонаҳои баландошёна ба ҷои намоён бароварда шудаанд.

Бино ба  маълумоти Раиси ширкат, соли 2019 аз тарафи зерсохторҳои ШСХК “Барқи Тоҷик” дар маҷмӯъ 25094 ҳолатҳои истифодаи ғайри­қо­ну­нии неруи барқ ба миқдори 124,2 млн. кВт.соат ошкор гардида, санадҳои дахлдор ба маблағи 39,2 млн. сомонӣ тартиб дода шуд. Аз ин ҳисоб 19,7 млн. сомонӣ, маблағи ҳисо­би­шуда пардохт карда шудааст. Дар айни замон, аз тарафи зер­сох­тор­ҳои ширкат, дар доираи қоидаҳои амалкунанда ҷиҳати ситонидани маблағҳои боқимонда корҳо идома доранд.

Бо дастгирии Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон, амалисозии лоиҳаи «Иваз намудани ҳисобкунакҳои барқӣ, қисман иваз намудани трансформаторҳои ҷараён ва шиддат, баистифодадиҳии инфрасохтори ҳозиразамони ҳи­соб­кунӣ ва сохтори баҳисобгирӣ» идома дорад, ки дар доираи ин лоиҳа насб намудани таҷҳизоти баҳисобгирии неруи барқ дар зеристгоҳҳои барқии 110 кВ ба нақша гирифта шудааст. Баъди ба пуррагӣ ба анҷом расидани корҳо дар доираи лоиҳаи мазкур ҳисоби талафоти неруи барқ дар хатҳои барқӣ ва тартиб додани тавозуни неруи барқ дар неругоҳҳо, зеристгоҳҳо дар реҷаи вақти реалӣ шаффоф ба роҳ монда мешавад.

Источник: khovar.tj