Раиси шаҳри Хуҷанд ба китобхонаи навтаъсис 500 адад китоб ҳадя намуд

0
142

Раиси шаҳри Хуҷанд ба китобхонаи навтаъсис  500 адад  китоб ҳадя намуд

ДУШАНБЕ, 04.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни боздид аз китобхонаи наве, ки бо иқдоми роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар бинои мақомоти маҳаллӣ таъсис дода шуд, бо назардошти афзун намудани сафи китобхонон ва ғанию гуногунмазмун намудани хазинаи он аз китобхонаи шахсиаш 500 адад китобҳои гуногунсоҳа ҳадя намуд. Бо ин миқдори китобҳои ин махзани маърифат қариб ба 1000  адад расонида шуд.

Мавсуф иброз дошт, ки “китобхона макони илму маърифат ба шумор рафта, ба кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр имкон медиҳад барои такмил додани дониш, рушди ҷаҳонбинӣ ва дарёфти иттилоот аз он самаранок истифода баранд”.

Тавре масъули шуъбаи кор бо ВАО-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Маъмури Юсуфзод ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар вилояти Суғд хабар дод, дар махзани китобхона асарҳои Пешвои миллат, осори шоирон ва нависандагони тоҷик, китобҳо доир ба сиёсати хориҷӣ, таърих ва фарҳангу тамаддуни тоҷикон ва китобҳои бадеӣ гирдоварӣ шудаанд.

Шаҳрдор инчунин ба масъулини дахлдор дастур дод, ки баҳри дарёфти осони китоб феҳристи китобхона таҳия ва рӯзҳои мутолиа барои хизматчиёни давлатӣ муайян карда шавад.

Ҳамчунин тибқи дастури раиси шаҳр озмуни «Китобхони беҳтарин» ташкил ва ҷамъбасти он охири соли равон баргузор гардад.

Ёдовар мешавем, ки китобхонаи мазкур бо мақсади иҷрои дастуру нишондодҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ доир ба тарғиби китоб ва китобхонӣ, аз ҷумла, баҳри баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ, дар ин замина ташкили китобхонаҳо дар ҳамаи муассисаву идораҳо ва ба ин восита ҷалби ҳарчи бештари сокинон, новобаста аз касбу кор ба хондани на камтар аз панҷ китоби бадеӣ дар як сол ва инчунин ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосир барои калонсолону хонандагон  таъсис гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд ба китобхонаи навтаъсис  500 адад  китоб ҳадя намуд Раиси шаҳри Хуҷанд ба китобхонаи навтаъсис  500 адад  китоб ҳадя намуд

Источник: khovar.tj