Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ба Арманистон меравад

0
205

Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ба Арманистон меравад

ДУШАНБЕ, 02.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Даъвати Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон  Арарат Мирзоянро пазируфта, барои анҷом додани сафари расмӣ ва иштирок дар ҷаласаи сайёри Шӯрои Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ аз 3 то 6 ноябр ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба Ҷумҳурии Арманистон сафар менамояд.  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни сафари расмӣ дар назар аст, ки Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси Маҷлиси  миллии Ҷумҳурии Арманистон  Арарат  Мирзоян ва дигар шахсони расмӣ мулоқот анҷом дода, дар кори ҷаласаи  Шӯрои Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ иштирок намояд.

Источник: khovar.tj