Раиси Маҷлиси намояндагон бо ҳайати вакилони Парлумони Аврупо мулоқот намуд

0
197

Раиси Маҷлиси намояндагон бо ҳайати вакилони Парлумони Аврупо мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 01.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо ҳайати вакилони Парлумони Аврупо, ки таҳти роҳбарии Фулвио Мартушиелло дар Тоҷикистон қарор доранд, мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба суханони котиби матбуоти палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов хабар медиҳад.

Зикр гардид, ки Иттиҳоди Аврупо шарики муҳими байналмилалии Тоҷикистон буда, сатҳи мавҷудаи ҳамкории байнипарлумонӣ, инчунин робитаҳо дар соҳаи иқтисод, амният, маориф ва фарҳанг назаррас ба ҳисоб меравад.

«Шукурҷон Зуҳуров иброз дошт, ки рушди ҳамкории бисёрҷониба бо сохторҳои байналмилалӣ аз ҷониби мо ҳамчун яке аз омилҳои муҳим барои татбиқи ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат ба ҳисоб меравад. Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат дар ин соҳаҳо муваффақиятҳои муайян ба даст омадаанд», — афзуд манбаъ.

Ҷонибҳо масъалаи ҳамкории дуҷониба, вазъи сиёсӣ дар Тоҷикистон, Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, инчунин амният, мубориза бо терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро муҳокима намуданд.

«Ба ақидаи мо, вакилони Парлумони Аврупо дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ бояд нақши муассир бозанд. Зеро шумо барои ташкили ҳамкорӣ бо шабакаҳои бузурги иҷтимоӣ дар мубориза бо ҳама зуҳуроти номатлуби ҷаҳонӣ имконияти хуб доред», — гуфт Шукурҷон Зуҳуров.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати вакилони Парлумони Аврупоро ба ҳузур пазируфтанд.

Источник: khovar.tj