Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Олимҷон Муҳаммадҷонзода: «Дар баъзе аз мақомот масъалаи коргузорӣ ба забони давлатӣ ҳанӯз ҳам хуб ба роҳ монда нашудааст»

0
343

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот  Олимҷон Муҳаммадҷонзода: «Дар баъзе аз мақомот масъалаи коргузорӣ ба забони давлатӣ ҳанӯз ҳам хуб ба роҳ монда нашудааст»

ДУШАНБЕ, 11.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Таҳлили вазъи иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар вазорату идораҳои санҷидашуда нишон дод, ки дар баъзе аз мақомот масъалаи коргузорӣ ба забони давлатӣ ҳанӯз ҳам хуб ба роҳ монда нашудааст. Аз ҷумла дар матни мактубҳо ғалатҳои имлоӣ ба мушоҳида расида, матни бланкаи расмӣ ва муҳри мудаввари онҳо ба муқаррароти моддаҳои Қонуни мазкур ҷавобгӯ нест. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор  Олимҷон Муҳаммадҷонзода иброз намуд.

«Санҷиш ва омўзиши вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумита ба шумор рафта, назорати татбиқи Қонуни мазкур мунтазам ба роҳ монда мешавад», -гуфт Олимҷон Муҳаммадҷонзода.

Зикр гардид, ки гурўҳҳои кории Кумита вобаста ба назорати риояи муқаррароти Қонуни мазкур барои соли 2019 фаъолияти 21 субъекти хоҷагидорро мавриди санҷиш қарор дода, барои ислоҳи камбудиҳо ба ташкилоту муассисаҳои санҷидашуда тавсияҳо манзур намуданд.

Инчунин соли 2019 гурўҳҳои кории Кумита риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар вазоратҳои молия, адлия, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, корҳои дохилӣ, саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, БДА «Амонатбонк» ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони  Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мавриди назорату таҳлил қарор дода, барои ислоҳи камбудиҳо тавсияҳо дод.

Ҳамзамон бо иштироки роҳбарият ва кормандони вазорату идораҳои мазкур семинари омўзишӣ баргузор карда шуданд.

Источник: khovar.tj