Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш аз Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои амалӣ дидан намуд

0
194

Раиси  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш аз Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои амалӣ дидан намуд

ДУШАНБЕ, 06.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 5 феврал  Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода бо фаъолияти Муассисаи давлатии «Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои амалӣ» аз наздик шинос гардид.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар муассисаи мазкур зиёда аз 370 нафар ҷавонон аз рӯи шаш намуди варзиш пайваста ба машғулиятҳо фаро гирифта мешаванд.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҷиҳати ба  тамринҳои пайваста фаро гирифтани варзишгарон, ҷалби бештари сокинон ба варзиш, омода намудани варзишгарони касбӣ ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.  Инчунин Абдулло Раҳмонзода аз имкониятҳои толори варзишии «Борбад» дидан намуда, барои ҷалб ва тарғиби навъҳои гуногуни варзиш ба масъулин маслиҳатҳои муфид дод.

Соли 2019 дастовардҳои варзишгарони Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ назаррас буда, онҳо пайваста дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар заминаи сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат беш аз 1000 адад иншооти варзишӣ фаъолият дошта, ба оммавигардонии варзиш дар ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд.

Источник: khovar.tj