Раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати арзёбии ниёзи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

0
125

Раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати арзёбии ниёзи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 10.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 10 декабр Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии (КМИР) Ҷумҳурии  Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода дар доираи омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019 ба рӯзи 1 марти соли 2020 таъйин гардидааст, бо ҳайати арзёбии ниёзи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (ДНДҲИ/САҲА) мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз КМИР хабар доданд. 

Бино ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи интихобот, омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тағйиру иловаҳое, ки ба қонунгузории интихоботӣ ворид гардидаанд, ҳамкории мутақобилаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо ДНДҲИ/САҲА табодули назар карданд.

Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ба намояндагони Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба чорабиниҳои омодагии тоинтихоботие, ки аз ҷониби Комиссия бо мақсади дар сатҳи баланд ташкил намудани ин чорабинии муҳими сиёсӣ амалӣ гардиданд, ёдовар шуд.

Аз ҷумла гуфта шуд, ки дар ин давра Комиссия дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор курси омода намудани коршиносон оид ба масъалаҳои интихоботро ба роҳ монда, бо иштироки онҳо барои аҳолии мамлакат семинарҳои омӯзишӣ баргузор намуд. Дар семинари омӯзишӣ талаботи қонунгузории интихоботӣ ва дигар паҳлӯҳои муҳими ҷараёни омодагӣ ва баргузории интихобот шарҳ дода шуданд.

Зикр гардид, ки чорабинии мазкур дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ду марҳила аз моҳи май то моҳи декабри соли ҷорӣ баргузор карда шуд. Инчунин аз ҷониби Комиссия як зумра дастурамалу тартибҳо таҳия, тасдиқ ва чоп гардид. Раиси Комиссия инчунин таъкид намуд, ки дар давраи омодагии тоинтихоботӣ сомонаи Комиссия такмил дода шуда, дар он санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи интихобот, қарору нақша, ахбори расмӣ ва дигар санадҳои дахлдори Комиссия ҷойгир карда шудаанд.

Бо мақсади шаффоф ва ошкоро гузаронидани интихобот дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дар бораи иштирок намудани нозирони байналмилалӣ аз ҳамин ниҳод дар интихобот, инчунин оид ба масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкорӣ дар заминаи санадҳои байналмилалии вобаста ба интихобот, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст,  мубодилаи афкор намуданд.

Источник: khovar.tj