Раҳмон ҳамтои туркманашро барои расидан ба синни паёмбарӣ табрик кард

0
104

Раҳмон ҳамтои туркманашро барои расидан ба  синни паёмбарӣ табрик кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои туркманаш Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро бо 63-юмин солгади умраш табрик мекунад

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Туркманистон 63-солагии президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро ҷашн мегирад, дар ҷаҳони ислом ин сана ҳамчун синни пайғамбар Муҳаммад (с.а.с) арзёбӣ мешавад, хабар медиҳад рӯзномаи русии ҳукумати “Туркманистони бетараф”.

“Имрӯз, пешвои миллат Ҳоҷӣ Аркадаг 63-сола мешавад. Ин сана дар ҷаҳони ислом муқаддас дониста мешавад ва синни Паёмбар аст. Барои расидан ба ин синну сол шарафи бузург ва саълдат аст” менависад рӯзнома.

Нашрия як қатор барқияи табрикотӣ аз сарони давлатҳои ҷаҳонро нашр кардааст, ки миёнашон шодбошии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ҳаст.

Дар баробари президенти Тоҷикистон Бердимуҳаммадовро ҳамчунин Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, президенти Чин Си Ҷинпин, президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, президенти Қазоқистон Қосим Ҷомард Тоқаев, президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, президенти Арманистон Саркисян, президенти Украина Владимир Зеленский, президенти Беларус Александр Лукашенко табрик кардаанд.

Бо фарорасии синни пайғамбарӣ Бердимуҳамедовро, порлумони Туркманистон, ҳукумат ва шахсони масъули дастгоҳи президент низ табрик кардаанд.

Интизор меравад, имрӯз дар Ашқобод ба муносибати зодрӯзи президент консерти идона баргузор шавад, хайрияҳо дода шавад ва дигар чорабиниҳо баргузор гардад.

Источник: sputnik-tj.com