Рақибони паҳлавонони тоҷик дар Порис муайян ва имрӯз вориди майдони рақобат мешаванд

0
178

Рақибони паҳлавонони тоҷик дар Порис муайян ва имрӯз вориди майдони рақобат мешаванд

Дар мусобиқаи “Paris Grand Slam 2020”, ки шоми дирӯз қуръакашӣ баргузор гардид, паҳлавонони тоҷик рақибони худро дарёфтанд ва имрӯз вориди майдони рақобат мешаванд

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Тоҷикистонро, ки дар мусобиқаи “Paris Grand Slam 2020” 5 варзишгари қавӣ муаррифӣ мекунанд, имрӯз вориди майдони рақобат мешаванд. Дирӯз бар асоси маросими қуръакашӣ, рақибони паҳлавонони тоҷик муайян гардид.

Ба иттилои агентии Ховар, Беҳрӯзи Хоҷазода  дар вазни  то  73 кило дар даври аввал озод аст ва рақобатро аз даври дуюм бар зидди варзишгари  кишвари Самоа – Таи Тин Виллиам оғоз мекунад.

Сомон   Маҳмадбеков дар вазни то  73 кило, дар даври нахуст бо намояндаи кишвари Португалия – Хорхе Фернандес рӯи татамӣ мебарояд.

Паҳлавони  дигари тоҷик Акмал Муродов дар вазни то 81 кило дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо Камолиддин Расулови ӯзбек қувва  месанҷад.

Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило дар даври нахусти мусобиқаи мазкур бо гӯштингири кишвари Колумбия – Франсиско Баланта неруозмоӣ мекунад.

Шакармамад Мирмамадов дар вазни  беш аз +100  кило дар даври нахуст бар зидди намояндаи кишвари Муғулистон – Наидан Тувшинбаяр рақобат мекунад.

Тибқи иттилои Федератсияи байналмилалии дзюдо, дар “Paris Grand Slam 2020” беш аз 800 нафар варзишгарон аз 122 кишвари ҷаҳон ширкат хоҳанд кард.

Бояд зикр кард, ки ширкаткунандагони «Paris Grand Slam 2020», инчунин соҳиби имтиёзҳои олимпӣ мешаванд. Гӯштигирони тоҷик барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Олимпиадаи Токио-2020 талош меварзанд.

Источник: sputnik-tj.com