Раҷаббой Аҳмадзода таҷрибаи Олим Собировро дар истифодаи самараноки замини наздиҳавлигӣ намунаи ибрат хонд

0
53

Раҷаббой Аҳмадзода таҷрибаи  Олим Собировро  дар  истифодаи  самараноки замини наздиҳавлигӣ намунаи ибрат хонд

 ДУШАНБЕ, 24.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сокини Ҷамоати деҳоти Тағояки ноҳияи Спитамен Олим Собиров замини наздиҳавлигиашро барои истеҳсоли маводи ғизоӣ истифода карда, дар он ҳамроҳи аҳли оила шалғам, қулфинай, сирпиёз, сабзӣ, картошка, помидор ва бодиринг коштааст. Инчунин номбурда тасмим дорад, ки бо гирифтани ҳосили аввал дар кишти такрорӣ анвои дигари зироати кишоварзӣ парвариш намояд.

Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафар ба Ҷамоати деҳоти Тағояки ноҳияи Спитамен ба манзили Олим Собиров рафта, тарзи истифодаи замини наздиҳавлигии ин сокини ҷамоатро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Раҷаббой Аҳмадзода ба тарзи истифодаи замини наздиҳавлигии Олим Собиров баҳои баланд дода, изҳор намуд, ки таҷрибаи чунин оилаҳо бояд ба таври васеъ истифода бурда шавад.

Оилаи Собировҳо зикр намуданд, ки дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода менамоянд.

Олим Собиров зимни суҳбат бо Раиси вилояти Суғд изҳор дошт, ки маҳсулоти истеҳсолшаванда барои қонеъ намудани талаботи оила сарф гардида, боқимонда ба фурӯш бароварда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки 17 апрел дар шаҳри Душанбе доир гардид, зимни суханронӣ иброз доштанд, ки «мо бояд маданияти заминдориро ба таври қатъӣ баланд бардорем, яъне муносибати худро нисбат ба замин, об ва дигар захираҳои табиии мамлакатамон куллан тағйир диҳем, ба холӣ мондани заминҳои корам роҳ надиҳем, аз ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ самаранок истифода карда, аз заминҳои обӣ гирифтани се ва ҳатто чор ҳосил, яъне кишти такрориро васеъ ҷорӣ кунем ва ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол намоем».

Источник: khovar.tj