Рӯзноманигорон — ҳимоятгарони арзишҳои миллӣ-бардошт аз ҳамоиш дар Вазорати маориф ва илм

0
78

Рӯзноманигорон — ҳимоятгарони арзишҳои миллӣ-бардошт аз ҳамоиш дар Вазорати маориф ва илм

ДУШАНБЕ, 11.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзноманигорон дар баробари мактабу омӯзгор дар тарбия ва ташаккули насли наврас саҳми арзанда дошта, дар раванди ҷомеаи пуртазоди муосир ҳимоятгари арзишҳои миллӣ мебошанд. Ин нуктаро Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода имрӯз зимни ҳамоиш бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Вазорати мазкур иброз намуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар ин рӯз як гурӯҳ рӯзноманигоронро барои саҳми арзанда дар соҳаи маориф ва илм ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо мукофотҳои соҳавӣ қадрдонӣ менамояд.

Дар ҳамоиши имрӯза 6 нафар бо нишони «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 2 нафар бо «Ифтихорнома»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. Инчунин ба Муассисаи нашриявии «Маориф», КВД «Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе», Матбааи вазорат, ҳафтаномаҳои «Омӯзгор» ва «Пайрав» ва маҷаллаҳои «Маорифи Тоҷикистон», «Маърифати омӯзгор», «Русский язык и литература в школах Таджикистана», «Масъалаҳои методикаи таълим», ҳафтаномаҳои «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, «Омӯзгори ҷавон»-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, «Паёми донишҷӯ»-и Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода, «Молия ва иқтисод»-и Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон «Сипоснома»-и Вазорати маориф ва илм тақдим гардид.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша дорад, ки як гурӯҳ рӯзноманигорон-кормандони нашрияҳои соҳавиро дар арафаи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илм сарфароз гардонад.

Источник: khovar.tj