Рӯзномаи Гонконг дастуруламали муваффақияти Чинро дар мубориза бо коронавирус муаррифӣ кард

0
103

Рӯзномаи  Гонконг дастуруламали  муваффақияти Чинро дар  мубориза бо коронавирус муаррифӣ кард

ДУШАНБЕ, 12.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Муваффақияти ҳукумати Чин дар мубориза бо коронавирус ба он вобаста аст, ки хароҷоти ташхис ва табобати беморонро бар дӯш гирифтааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба “South China Morning Post”. Барои бемор ташхис аз  коронавирус тақрибан 370 юан ($ 53)  нарх дошт, зикр кардааст нашрия.

“Чин метавонад ба ҳукуматҳои дигар дар мубориза алайҳи ин беморӣ як дарси муҳим омӯзонад – ба пардохт кардан омода бошед, то беморон аз хароҷот барои гузаштан аз ташхису озмоиш ва табобат наҳаросанд» -менависад рӯзнома.

Рӯзнома менависад, ки дар Чин усулҳои гарони табобат, аз ҷумла оксигенатсияи мембранаи экстракорпоралӣ низ истифода шуданд. Ин ба таври сунъӣ бо оксиген пур кардани хуни беморест, ки нафаскашиаш мушкил аст. Хароҷоти ин амалиёт аз ҷониби ҳукумат пӯшонида шуда, 110,48 миллиард юан (беш аз 15 миллиард доллар) барои табобат, кумак барои кормандони тиббӣ ва таҷҳизот ҷудо гардид.

Источник: khovar.tj