Рӯзи парвози “Сомон Эйр” аз Аморот ба Тоҷикистон маълум шуд

0
108

Рӯзи парвози "Сомон Эйр" аз Аморот ба Тоҷикистон маълум шуд

Авохири моҳи май ширкатҳои ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ва Fly Dubai тариқи парози вижа шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Амороти Муттаҳидаи Араб ба ватан бармегардонад

ДУШАНБЕ, 22 май – Sputnik. Ширкати “Сомон Эйр” рӯзи 29 май шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Дубай ба Душанбе бозмегардонад, хабар медиҳад Консулии генералии кишвар дар Дубай.

Қайд мешавад, ки ҳавопаймо аз фурудгоҳи Дубай соати 15:00 парвоз мекунад.

“Шаҳрвандон пеш аз парвоз дар Фурудгоҳи байналмилалии Дубай аз озмоиши тиббӣ (анализи хун) гузаронида мешаванд. Аз ин рӯ, аз шаҳрвандон хоҳиш менамоем, ки 4 (чор) соат пеш аз парвоз дар фурудгоҳ ҳозир шаванд”, – омадааст дар хабарнома.

Қайд мешавад, ки ҷузъиёти хатсайр ва хариди чиптаро хоҳишмандон метавонанд дар торномаи ширкат дарёфт кунанд.

Қайд мешавад, ки парвози дуюм аз Амороти Муттаҳида ба Тоҷикистон тариқи ширкати Fly Dubai 30 май соати 11:00 анҷом мешавад.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш ду хатсайри нав аз Тоҷикистон ба Русия маълум шуд. Ин парвозҳо охири моҳи май дар нақша аст.

Источник: sputnik-tj.com