РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК. Дар вилояти Хатлон озмуни эҷодии журналистон бо 10 ҳазор сомонӣ ҷоиза эълон гардид

0
160

РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК. Дар вилояти Хатлон озмуни эҷодии журналистон бо 10 ҳазор сомонӣ ҷоиза    эълон гардид

БОХТАР, 11.03.2020/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни мулоқот бо намояндагони воситаҳои ахбори оммаи вилоят аҳли қаламро барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат вобаста ба таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят хабар доданд.

«Инъикоси заҳмати соҳибкорон, бинокорон, фаъолияти раисони маҳаллаҳо ва ҳамаи онҳое, ки дар корҳои ободонӣ саҳм мегузоранд, рӯҳияи мардумро баланд мебардорад, — зикр кард Раиси вилоят. — Аз ин рӯ, вобаста ба инъикоси дастовардҳои аҳли заҳмати Хатлонзамин бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар байни рӯзноманигорон озмуни эҷодӣ баргузор хоҳем кард».

Ҷоизаи мазкур ба ғолибони ин озмун дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ имсол ва соли 2021 супорида  мешавад .Барои ғолиби ҷойи якум – 10 ҳазор сомонӣ, барои ҷойи дувум 5000 ва барои ҷойи сеюм 2500 сомонӣ  аз рӯйи якчанд номинатсия тақдим карда хоҳад шуд.

Источник: khovar.tj