РӮЗИ ГУЛАФШОН. Гузориши хабарнигорони АМИТ «Ховар» аз марказҳои гулфурӯшӣ ва растаҳои мавсимии шаҳри Душанбе

0
261

РӮЗИ ГУЛАФШОН.  Гузориши хабарнигорони АМИТ «Ховар» аз марказҳои гулфурӯшӣ ва растаҳои мавсимии шаҳри Душанбе

 ДУШАНБЕ, 07.03.2020 /АМИТ «Ховар»/.    Бахшида  Рӯзи модар  ҳар як аъзои хонавода мехоҳад ба модар, ҳамсар, хоҳар, духтар ва дӯстдоштааш туҳфае харидорӣ намуда, бонувонро  хушҳол гардонад. Дар ин рӯз аксар мардон кӯшиш мекунанд, ки ба модар ва ҳамсарони худ гул тӯҳфа намоянд, зеро ба андешаи онҳо занон аксар вақт ба гул таваҷҷуҳ дошта, онро бештар меписанданд.

Гузориши хабарнигорони АМИТ «Ховар» Холисаи АСОМИДДИН ва Мақсудҷон МУҲИДДИНҶОН.

Ҳангоми боздид аз марказҳои гулфурӯшӣ ва растаҳои мавсимӣ маълум шуд, ки аксари гулҳои ба фурӯшбаровардашударо  садбаргҳои голандӣ ташкил медиҳанд.

Тавре зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» гулфурӯш Муродҷон Исмоилов иброз дошт, қариб 80 фоизи гулҳои ба фурушбаровардаи онҳоро гулҳои Голандия, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия ташкил медиҳанд.

«Гулҳои тоҷикӣ пас аз гарм шудани ҳаво ба фурӯш бароварда мешавад. Ҳоло бештари харидорон   садбаргҳои голландиро харидорӣ мекунанд. Ҳарчанд, ки ин навъ садбарг арзиши гарон дошта бошад ҳам, вале талабот ба он  зиёд аст.  Ин навъ гулҳо бо технологияи ҳозиразамон парвариш карда шуда, шаклан хеле зебо мебошанд»,- мегӯяд номбурда.

РӮЗИ ГУЛАФШОН.  Гузориши хабарнигорони АМИТ «Ховар» аз марказҳои гулфурӯшӣ ва растаҳои мавсимии шаҳри Душанбе РӮЗИ ГУЛАФШОН.  Гузориши хабарнигорони АМИТ «Ховар» аз марказҳои гулфурӯшӣ ва растаҳои мавсимии шаҳри Душанбе

Сабаби гарон будани гулҳои голландиро  Муродҷон Исмоилов дар талаботи зиёд доштани он  арзёбӣ намуда, тазаккур дод,    ки гулҳо вобаста ба мавсим нархгузорӣ мешаванд. Ҳоло як садбарги голландӣ 25-30 сомон арзиш дорад. Ӯ дар мавриди бештар ба кадом ранги гул таваҷҷуҳ доштани шаҳрвандон гуфт: «Аксар мардон ба ҳамсарони худ садбарги сурхро  интихоб мекунанд. Зеро ба андешаи онҳо ин навъ садбарг рамзи меҳру муҳаббат ва вафодорӣ мебошад».

РӮЗИ ГУЛАФШОН.  Гузориши хабарнигорони АМИТ «Ховар» аз марказҳои гулфурӯшӣ ва растаҳои мавсимии шаҳри Душанбе Исмоил Нуров, яке аз хардорони гул дар суҳбат ба хабарнгори АМИТ «Ховар» зикр намуд, ки гулҳои харидаашро ба модар ва ҳамсаршавандааш мебарад. Ӯ мегуяд, ки ба модараш садбарги сурх ва ба ҳамсари ояндааш садбарги сафед интихоб намудааст.

«Ман санаи 8 март дар Рӯзи модар тӯйи хонадоршавӣ дорам. Аз ин рӯ, ба ҳамсари ояндаам, ки Осима ном дорад садбарги сафедро интихоб кардам. Зеро, ки ин навъ гулро нишонаи  бахти сафед ва ба рӯзи нек расидан медонанд», — гуфт ҳамсуҳбат мо.

Сокини шаҳри Душанбе, ронандаи таксии «44 44» Одил Қобилов  мегӯяд, ки Рӯзи Модар барои ӯ  беҳтарин ҷашн аст.  Ба гуфтаи номбурда, дар ин рӯз ӯ субҳи барвақт бо тӯҳфа ба аёдати модараш рафта, ӯро табрик мекунад, зеро дар ин рӯз модараш интизори мо фарзандонаш ҳаст.

РӮЗИ ГУЛАФШОН.  Гузориши хабарнигорони АМИТ «Ховар» аз марказҳои гулфурӯшӣ ва растаҳои мавсимии шаҳри Душанбе РӮЗИ ГУЛАФШОН.  Гузориши хабарнигорони АМИТ «Ховар» аз марказҳои гулфурӯшӣ ва растаҳои мавсимии шаҳри Душанбе

 «Фикр мекунам, ки ҳар як модар гулро дӯст медорад.  Ман ба модарҷонам ҳар сол гулдаста ва ягон туҳфаи дигар харидорӣ мекунам. Модарам бениҳоят садбарги сурхро дӯст медоранд. Ман доим кӯшиш мекунам, ки ба модарам ин навъ гулро харидорӣ кунам. Модари ман худ гул мебошанд. Беҳуда нагуфтаанд: Худованд накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, борон аз абр, равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳомӣ аз андалебро ҷамъ оварду зан- модарро офарид», — изҳор дошт Одил Қобилов.

РӮЗИ ГУЛАФШОН.  Гузориши хабарнигорони АМИТ «Ховар» аз марказҳои гулфурӯшӣ ва растаҳои мавсимии шаҳри Душанбе РӮЗИ ГУЛАФШОН.  Гузориши хабарнигорони АМИТ «Ховар» аз марказҳои гулфурӯшӣ ва растаҳои мавсимии шаҳри Душанбе РӮЗИ ГУЛАФШОН.  Гузориши хабарнигорони АМИТ «Ховар» аз марказҳои гулфурӯшӣ ва растаҳои мавсимии шаҳри Душанбе

Холисаи АСОМИДДИН,
Мақсудҷон МУҲИДДИНОВ,
АМИТ «Ховар»

                                                    АКСҲО аз АМИТ «Ховар» ва манбаҳои боз

Источник: khovar.tj