ПУРСЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Парвозҳои ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Туркия кай барқарор мешаванд?

0
55

ПУРСЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Парвозҳои ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Туркия кай барқарор мешаванд?

ДУШАНБЕ, 10.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Туркия тасмим гирифтааст, ки дар моҳи июн  парвозҳои ҳавоиро бо 40 кишвар, аз ҷумла бо Тоҷикистон барқарор намояд. Чанд нафар хонандагони сомонаи АМИТ «Ховар» вобаста ба дурустии барқароршавии парвозҳои ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Туркия дар моҳи июн саволҳо ирсол доштаанд.

Дар робита ба мавзӯъ, директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумити Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода ба АМИТ «Ховар» чунин посух дод:

«Ширкати туркии «Turkish Airlines» шояд чунин тасмим гирифта бошад, вале дар Тоҷикистон барои парвозҳо ҳанӯз дастури расмӣ нест. Доир ба барқарор намудани парвозҳои байналмилалӣ бояд ичозати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад».

Ёдовар мешавем, ки парвози ҳавопаймоҳо аз сабаби пандемияи ҷаҳонии коронавируси нави COVID-19  қатъ гардидаанд. Да робита ба ин, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш менамояд, ки аз харидории чиптаи ҳавопаймо то нашр гардидани изҳороти расмии мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон вобаста ба барқарор шудани хатсайрҳои мунтазами ҳавоӣ худдорӣ намоянд.

Источник: khovar.tj