Профессори Академияи илмҳои Россия хатари бистарикунонӣ бо COVID-19 –ро баён кард

0
132

Профессори Академияи илмҳои Россия хатари бистарикунонӣ бо COVID-19 –ро баён кард

ДУШАНБЕ, 28.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бемороне, ки шакли сабуки коронавируси  COVID-19 доранд, дар шифохона хобондани онҳо хавфнок аст, гуфт  директори Институти паразитология ва бемориҳои тропикӣ  дар Донишгоҳи Сеченов, профессори Академияи илмҳои Россия  Александр Лукашев.  Дар ин бора АМИТ « Ховар» бо истинод ба рӯзномаи  «Известия» хабар медиҳад.

Ба қавли ӯ, дар ҳолати сабук гузаштани беморӣ дар хона табобат  гирифтан беҳтар аст, балки интихоби дуруст аст. Зеро дар беморхона хатари дубора сироят ёфтан вуҷуд дорад.

«Он илтиҳоби шуше, ки дар дохили беморхона  мавҷуд аст,  нисбат ба ҳамин беморӣ  дар  берун аз он хатарноктар аст. Зеро дар бемористон вирусҳо аллакай ба доруҳои зидди онҳо равонашуда масуният пайдо карда, устувор гаштаанд.  Хуллас, пас аз беморхона метавон  боз  чанд маризии дигарро дар худ  дарёфт кард», — гуфт Лукашев 27 апрел дар шабакаи  «Россия 1».

Рӯзи сешанбе академики АИР Валерий Черешнев дар бораи усули нави табобати коронавирус, ки дар Федератсияи Россия омода шудааст, нақл намуд.  Ба гуфти ӯ,  мутахассисон аллакай ба ташхиси беморон оғоз намудаанд. Роҳҳои нафаси беморон бо омехтаҳои унсурҳои химиявӣ ва оксиген, ки бо ҳарорати баланд   ба  буғ  табдил меёбанд, табобат  мешаванд.

Аз оғози пандемия дар Федератсияи Россия теъдоди умумии шахсони аз коронавирус сироятёфта аз 87 147  нафар иборат мебошад. Россия дар ин маврид аз Чин, ки дар он ҷо  83 912 ҳолати сироят ба қайд гирифта шуда буд, пеш гузашт. Дар тамоми давраи беморӣ дар ин мамлакат 794 нафар фавтида, 7346  нафар шифо ёфтаанд.

 

АКС  аз рӯзномаи ИЗВЕСТИЯ/Сергей Конков

Источник: khovar.tj