Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи тасаллият ирсол намуданд

0
60

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи тасаллият ирсол намуданд

ДУШАНБЕ, 27.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич,

Бо андӯҳи гарон хабари ҳузнангези суқути ҳавопаймои мусофирбарро дар наздикии фурудгоҳи Алмаато дарёфтам.

Ба наздикону пайвандони қурбониён изҳори тасаллияти амиқ намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои оҷил хоҳонем».

Источник: khovar.tj