Президенти Тоҷикистон: «Торафт доман паҳн намудани бемории хатарноки сироятӣ, яъне вабо моро водор месозад, ки ба саломатии худ диққати аввалиндараҷа диҳем»

0
159

Президенти Тоҷикистон: «Торафт доман паҳн намудани бемории хатарноки сироятӣ, яъне вабо моро водор месозад, ки ба саломатии худ диққати аввалиндараҷа диҳем»

ДУШАНБЕ, 23.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва торафт доман паҳн намудани бемории хатарноки сироятӣ, яъне вабо моро водор месозад, ки ба саломатии худ диққати аввалиндараҷа диҳем ва нагузорем, ки ин бемории хатарнок дар миёни ҷомеаи мо пайдо шуда, саломатӣ ва ҳаёти одамонро дар хатар гузорад. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз зимни Паёми шодбошии худ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон баён доштанд.

Сарвари давлат зикр намуданд, ки ҳарчанд дар давлати мо ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст, аммо ин маънои онро надорад, ки мо ғофилу бепарво бошем.

«Имрӯз тамоми ҷаҳонро ин вабо ба ташвишу нигаронии сахт гирифтор кардааст. Ҳатто дар кишварҳои пешрафта, бо вуҷуди тадбирҳои зиёди амалигардида, шиддати он паст нагардида истодааст», — афзуданд Пешвои миллат.

Бо ёдоварӣ аз ин Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки корхонаҳои азиму пуриқтидор дар аксари давлатҳои олам аз кор мондаву буҳрони шадиди иқтисодиву молиявӣ ҳамаи мамлакатҳо, аз ҷумла Тоҷикистони моро таҳти таъсир қарор додааст.

«Дар чунин шароит ва хусусан, дар ин моҳи муборак моро зарур аст, ки ба қоидаҳои беҳдоштӣ дар хона, маҳалли зист, ҷойи кор ва ҷойҳои ҷамъиятӣ бештар диққат диҳем, барои ҳифзи саломатии худамон, аъзои хонавода ва аҳли ҷомеа талош варзем»,- зикр шуд дар паёми шодбошии Пешвои миллат.

Источник: khovar.tj