Президент дар бораи COVID – 19: чор моҳро ором паси сар кардем, вале…

0
140

Президент дар бораи COVID - 19: чор моҳро ором паси сар кардем, вале...

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар гуфтааст ҳукумати Тоҷикистон аз оғози ба амал омадани коронавирус тамоми тадбирҳои заруриро барои пешгирӣ кардани пайдоиши ин беморӣ амалӣ намуд, аммо пас аз чор моҳи оромӣ ба кишвари мо низ расид

ДУШАНБЕ, 8 май – Sputnik. Президенти кишвар ин нуктаро зимни як изҳороташ баён карда гуфтааст, Тоҷикистони низ дар қатори дигар кишварҳо дар вазъи ниҳоят ҳассосу душвор қарор дорад.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, аз замони пайдоиши ин вирус дар кишварҳои алоҳида, Тоҷикистон чор моҳро дар шароити оромӣ паси сар кард, вале мутаассифона, охирҳои моҳи апрел вирус дар кишвари мо низ пайдо гардид ва то имрӯз садҳо нафар сокинони мамлакат ба он гирифтор шуданд.

“Мо барои табобати беморон ва гирифтани пеши роҳи паҳншавии минбаъдаи вирус тамоми имкониятҳоро сафарбар кардаем”- гуфтааст раисиҷумҳур.

Президенти кишвар бо сипос аз меҳнати шабонарӯзии табибон гуфтааст, бовар дорам, ки онҳо минбаъд низ ба савганди касбии худ содиқ мемонанд ва ба халқи Тоҷикистон софдилона хизмат мекунанд.

“Вазъияти бамиёномада аз ҳар яки мо тақозо мекунад, ки ниҳоят ҳушёру эҳтиёткор ва боз ҳам босабру таҳаммул бошем, ба воҳимаву таҳлука дода нашавем ва дар лаҳзаҳои душвору вазнин дар паҳлуи якдигар бошем”- гуфтааст раисиҷумҳур.

Ӯ гуфтааст, мо бояд ба худ бовар дошта бошем ва бо азми қатъӣ бар зидди ин беморӣ мубориза бурда, бо донишу таҷриба ва маҳорату малакаи хеш аз ин вазъият раҳо шавем.

Ба таъкиди ӯ, дар ин мубориза ягон фарди бонангу номус набояд тамошобин ва бетараф бошад.

Источник: sputnik-tj.com