Президент барои оилаҳои муҳоҷирон кӯмакпулӣ ҷудо кард: боз киҳо ва чандпулӣ мегиранд?

0
46

Президент барои оилаҳои муҳоҷирон кӯмакпулӣ ҷудо кард: боз киҳо ва чандпулӣ мегиранд?

Тибқи фармони раисҷумҳур аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ба наздикони муҳоҷироне, ки бесаробон мондаанд, кӯмакпулӣ дода мешавад. Дар ин дастури президент чанд гурӯҳи дигаре номбар шудаанд, ки аз кӯмаки давлат бархурдор хоҳанд шуд

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 5 июн фармонеро ба имзо расонида дастур додааст, ки ба як гурӯҳ сокинони ҷумҳурӣ бино бар вазъи баамаломада дар пайи пандемияи коронавирус кӯмакпулӣ расонида мешавад.

Бино бар фармони президент, кӯмакпулӣ яквақта ва ба ҳаҷми як маоши ҳадди ақал аз ҳисоби буҷаи давлатӣ ва ғайридавлатӣ дода хоҳад шуд.

Киҳо ва чандпулӣ мегиранд?

“Ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шаҳрвандоне, ки нафақаи иҷтимоӣ мегиранд, маъюбон, кӯдакони ятиму бесаробон, оилаҳои камбизоат, оилаҳои бесаробонмондаи муҳоҷирони меҳнатӣ кӯмакпулӣ расонида шавад”, – омадааст дар фармони президент.

Музди ҳадди ақал дар Тоҷикистон ба 400 сомонӣ баробар аст.

Як дастури дигар ба Ҳукумат

Тибқи ҳамин фармон, раиси Ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумат дастур додааст, ки нигоҳубини шаҳрвандони таҳти муоинаи тиббӣ қарордошта ва шаҳрвандонеро, ки аз бемории СOVID-19 сироят ёфтаанд, аз ҳисоби маблағҳои мақсаднок пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ройгон анҷом дода шавад.

Ҳамзамон, то ба эътидол омадани вазъ аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ба музди меҳнати вазифавии кормандони соҳаи тиб, ки бевосита ба ташхис ва табобати беморони сирояти СOVID-19 ҷалб мешаванд, иловапулӣ пешбинӣ ва пардохт карда шавад.

Источник: sputnik-tj.com