Писари Никита Хрушёв вафот кард

0
102

Писари Никита Хрушёв вафот кард

Писари Никита Хрушёв, роҳбари вақти Иттиҳоди Шӯравӣ Сергей Хрушёв дар синни 84-солагӣ аз олам даргузашт

ДУШАНБЕ, 19  июн — Sputnik. Писари котиби якуми роҳбари вақти Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Шӯравӣ Никита Хрушёв вафот кард, менависад рӯзномаи “Известия” бо такя ба дӯсти наздики фавтида Марк Харрисон.

Сергей Хрушёв дар синни 84-солагӣ аз олам даргузашт.

“Ӯ имрӯз фавтид. Бубахшед, ки дигар дар ин бора гуфта наметавонам – ин вазъи фоҷианок аст” гуфтааст Харрисон.

Сергей Никитич Хрушёв публитсист, олими Шӯравӣ, русу амрико  ва фарзанди котиби якуми роҳбари вақти Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Шӯравӣ Никита Хрушёв буд. Дорандаи унвони доктори илмҳои техникӣ, профессор ва Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1963) мебошад.

Сергей Хрущев 2 июли соли 1935 дар Маскав ба дунё омадааст. Соли 1952 мактаби миёнаи рақами 110-и Маскавро бо медали тилло хатм кардааст.

Соли 1958 вай факултети электровакуумӣ ва асбобҳои махсуси Донишгоҳи энергетикии Москваро бо дипломи дараҷаи идоракунии системаҳои автоматикӣ гирифтааст.

Соли 1959 Хрущев барандаи ҷоизаи Ленин гардид.

Соли 1991 Хрушёв ба Донишгоҳи Браун даъват карда шуд, то дар бораи таърихи ҷанги сард лексияҳо хонад. Баъд аз ин, вай Иёлоти Муттаҳидаро ҳамчун макони доимии худ интихоб кард.

Аз соли 1999 шаҳрвандии Русия ва Амрикоро соҳиб шуд.

Ӯ соли 1934 бо Галина Шумова хонадор шуд, ки аз онҳо ду писар Никита Хрушёв ва Сергей ба дунё омад. Онҳо пас аз 17 сол аз ҳам ҷудо шуданд.

Пас аз расман ҷудо шудан бо Галина Шумова, писари роҳбари вақти ИҶШС бо Олга Крейдик аз Душанбе издивоҷ кард. Чанд муддат вай бо ӯ дар Маскав зиндагӣ карда, баъдтар ҷудо шуданд.

Ҳамсари сеюми Сергей Хрушёв Валентина Голенко буд, ки бо ӯ ба ИМА кӯчид.

Источник: sputnik-tj.com