ПИЛЛАПАРВАРӢ. Дар Тоҷикистон барои воридоти тухми хушсифати кирмак имтиёзи андозиву гумрукӣ ҷорӣ карда мешавад

0
149

ПИЛЛАПАРВАРӢ. Дар Тоҷикистон барои воридоти тухми хушсифати кирмак имтиёзи андозиву гумрукӣ ҷорӣ карда мешавад

ДУШАНБЕ, 27.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон барои воридоти тухмии хушсифати кирмак, ки ба рушди соҳаи пиллапарварӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, аз ҷумла атлас, адрас ва дигар навъҳои матоъ мусоидат менамояд, имтиёзи андозиву гумрукӣ ҷорӣ карда мешавад. Масъалаи мазкур имрӯз зимни ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода муҳокима гардид.

Тавре котиби матбуоти палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ин хусус аъзои Шӯро лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020»-ро баррасӣ намуданд.

Зикр шуд, ки дар лоиҳа инчунин озод намудан аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ барои воридоти тухмии зироати кишоварзӣ, гулу буттаҳои ороишӣ, дарахтони ороишӣ ва мевадиҳанда пешбинӣ карда шудааст.

Дар ҷаласа як зумра масъалаҳои дигар низ муҳокима ва аз рӯи онҳо қарори дахлдор қабул карда шуданд.

Источник: khovar.tj