«ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ТАКЯГОҲИ ЗАНОН». Аз қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» 20 сол сипарӣ шуд

0
287

«ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ТАКЯГОҲИ ЗАНОН».  Аз қабули  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» 20 сол сипарӣ шуд

ДУШАНБЕ, 03.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз рӯзи ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» 20 сол сипарӣ шуд. Ба ин муносибат дар Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза» бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Пешвои миллат-такягоҳи занон» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Дар кори конференсия Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, намояндагони Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, сардорони раёсат, мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода занону бонувонро аз номи Пешвои миллат ба муносибати ин санаи фархунда табрик намуда, иброз дошт, ки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама вазъият ба дастгирии духтарон ва занон  таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунанд.

Мавсуф зикр кард, ки «имрӯз нақши занон дар ҷомеаи мо ниҳоят муассиру равшан аст. Беҳуда Пешвои миллат ба мақому мавқеи зан дар ҷомеа такя намекунанд, чунки шумо, занон ҳам модар,  ҳам роҳбар ҳастед ва ҳам дар ҷомеаи муосир мақому мартабаи баланд доред. Бо қабул гардидани қонуни мазкур боз ҳам мақоми занҳо дар ҷомеаи мо баландтар гардид ва хушбахтона, имрӯз мебинем, ки дар ҳамаи ташкилоту созмонҳои давлативу ғайриҳукуматӣ занону  духтарҳои мо хеле фаъол буда, нақши муҳимро иҷро менамоянд».

«ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ТАКЯГОҲИ ЗАНОН».  Аз қабули  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» 20 сол сипарӣ шудИнчунин Абдуҷаббор Раҳмонзода афзуд, ки имрӯз барои аз ҳисоби духтарон  тайёр кардани кадрҳои болаёқат Сарвари давлат тамоми шароитро муҳайё намудаанд. Соли 2007 Стипендияи байналмилалии президентӣ таъсис ёфт, ки тавассути он аввалин духтарони тоҷик ба муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Россия, Қазоқистон, Украина, Беларус, Кореяи Ҷанубӣ, Малайзия ва Сингапур равон карда шуданд. Хушбахтона, қисме аз онҳо ин муассисаҳоро хатм намуда, имрӯз барои Ватан хизмати арзанда карда истодаанд.

Ҳамчунин соли 2008 Президенти мамлакат Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят»-ро таъсис дод, ки дар он айни замон 93 нафар духтарон ба омӯзиши касб ва илмҳои муосир машғул мебошанд.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сумангул Тағойзода иброз намуд, ки  “нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа беназир аст. Солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои мухталифи ҳокимият, мақомоти олии қонунгузор, ҳокимияти судиву иҷроия ва тамоми сохтору мақомоти давлативу ҷамъиятӣ торафт афзоиш ёфта, онҳо дар рушду пешрафти самтҳои гуногуни ҷомеа саҳми воқеии худро гузошта истодаанд. Мавриди зикр аст, ки мустақилияти иқтисодии занон ва бо шуғл таъмин будани онҳо яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани нақш  ва мақоми зан дар ҷомеа маҳсуб меёбад. Дар доираи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои бо кор таъмин намудани  занон афзалият дода шуда, онҳо пайваста ба омӯзиши касбу ҳунарҳо ҷалб карда мешаванд”.

«ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ТАКЯГОҲИ ЗАНОН».  Аз қабули  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» 20 сол сипарӣ шуд «ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ТАКЯГОҲИ ЗАНОН».  Аз қабули  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» 20 сол сипарӣ шуд

“Аз ҷумла, дар доираи барномаи мазкур дар нуҳ моҳи соли равон бо мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ зиёда аз  26 ҳазор нафар занони корҷӯй бо ҷои кор таъмин гардиданд. Илова бар ин тавассути ҷойҳои корӣ бандшуда, яъне квотаҳо 2247 нафар занони ба ҳимояи иҷтимоӣ ниёздошта бо ҷои кор таъмин гардиданд. Дар ин давра зиёда аз 12 ҳазор нафар занон дар муассисаҳои таълимии касбии калонсолон ба таври ройгон ба тайёрии касбӣ ҷалб шудаанд. Инчунин қариб 17 ҳазор нафар занону духтарони хонанишин ба омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ фаро гирифта шудаанд,-афзуд С. Тағойзода.

«ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ТАКЯГОҲИ ЗАНОН».  Аз қабули  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» 20 сол сипарӣ шудМуовини Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  Назира Амирбекзода оид ба боло бурдани нақш ва мақоми зан дар ин вилоят зикр кард, ки “ба тасвиб расидани фармони мазкур саривақтӣ буда, имрӯз бонувон, бахусус занони вилоят дар доираи амалӣ шудани консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ соҳиби ҷои кор ҳастанд ва дар сатҳи роҳбарӣ фаъолият мекунанд. Дар ВМКБ имрӯз зиёда аз 25 фоизи бонувон сарвар буда, дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ фаъолият менамоянд. Ин тадбирҳо сол то сол амалӣ шуда истодаанд ва бояд гуфт, ки дар Паёми соли гузашта Пешвои миллат таъкид намудаанд, ки барои ҷалб намудани бонувон ба корҳои бонкӣ ва алоқа бояд тадбирҳои мушаххас андешида шаванд. Хушбахтона, имрӯз дар ВМКБ дар асоси озмунҳо бонувони зиёд аз ноҳияи дурдасти Мурғоб то ноҳияи Ванҷ ба ин кор ҷалб карда мешаванд.

«ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ТАКЯГОҲИ ЗАНОН».  Аз қабули  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» 20 сол сипарӣ шудБояд гуфт, ки фармони мазкур дар рушду нумуъ ва баланд бардоштани генофонди миллат таъсири худро беш аз пеш мерасонад”.

Муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ дар бораи нақши Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баланд бардоштани мавқеи занон дар вилояти Суғд ибрози андеша намуд.

Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Раъно Раҳимзода дар бораи фаъолнокӣ ва мавқеи занон дар вилоят ибрози андеша намуд.

«ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ТАКЯГОҲИ ЗАНОН».  Аз қабули  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» 20 сол сипарӣ шудӮ, аз ҷумла, гуфт, ки «мо, занону бонувони тоҷик хеле хушбахт ва саодатманд аз он ҳастем, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба як қатор муваффақиятҳо ноил гардидем. Соҳибистиқлолии мамлакат дар баробари озодӣ, ободӣ ва сулҳ ба мо мартаба ва обрӯ дод, ки мо аз ин дастовардҳо сарбаландона ифтихор дорем.  Дар вилояти Хатлон соли равон теъдоди занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда ба  1070 нафар расид. Раёсат ҳамасола курсҳои омӯзишии духтарони сарварро аз ҳисоби ҷавондухтарон баргузор менамояд. Ғайр аз ин дар назди раёсат шӯроҳои занон, духтарон, соҳибкорзанон ва  модарони сулҳовар ва ваҳдатсаро таъсис дода шудааст».

«ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ТАКЯГОҲИ ЗАНОН».  Аз қабули  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» 20 сол сипарӣ шудСардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри  Душанбе Наргис Шарифзода иброз дошт, ки «бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти занони тоҷик такони ҷиддӣ ба амал омад. Тавре огоҳӣ дорем, дар ду соҳаи муҳими иҷтимоии мамлакат- маориф ва тандурустӣ асосан занону духтарон фаъолият мекунанд. Аз ҷумла,  70 фоизи кормандони соҳаи маориф ва 65 фоизи соҳаи тандурустиро занону бонувон ташкил медиҳанд».

Айни  замон дар шаҳри Душанбе 403 ҳазору 400 нафар бонувон фаъолият доранд, ки аз онҳо 110 нафар хизматчиёни давлатӣ буда, 28 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд. Аз ҳисоби занон 29 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, 58 нафар вакили Маҷлиси вакилони ноҳияҳои пойтахт буда, 1698 нафар бонувон ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки 3 декабри соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба тасвиб расида буд.

Дар ҷамъбасти конференсия иштирокчиён ва ҳозирин оид ба мавзӯи мавриди назар  пешниҳод ва дархостҳои хешро манзур намуданд.

 

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

Источник: khovar.tj