Пешниҳод барои наҷоти соҳаи сайёҳии тоҷик: таъсиси фонди зиддибуҳронӣ

0
85

Пешниҳод барои наҷоти соҳаи сайёҳии тоҷик: таъсиси фонди зиддибуҳронӣ

Дар замони пандемияи коронавирус аз ҳама бештар соҳаи сайёҳӣ зарар дид ва ҳоло барои наҷоти он чораҳои зарурӣ андешида мешавад

ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Намояндагони бахши сайёҳӣ масъалаи рушд ва дастгирии соҳаро, ки аз пандемия аз ҳама зиёд зиён дид,  баррасӣ кардаанд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ширин Амонзода пешниҳод намудаас, ки фонди зиддибӯҳронӣ барои дастгирии туризм таъсис дода шавад.

Гуфта мешавад ин тадбир метавонад ба коҳиши таъсири COVID-19 ба соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ва инчунин коҳиш додани хавфҳо ба соҳибкорӣ дар сурати такрори вазъи ба туризм таъсиррасонанда кӯмак кунад.

Манбаъ мегӯяд, фонд барои дастгирии субъектҳои соҳаи сайёҳӣ дар ҳама сатҳҳои занҷираи саноати соҳа равона карда мешавад.

Инчунин гуфта мешавад, ки баъзе сармоягузорон ба расонидани кӯмак ҳавасмандӣ зоҳир кардаанд.

 

 

Источник: sputnik-tj.com