Пешгирии фурӯши наздики 100 тонна хурмои хушк:  мехостанд аз Рамазон истифода кунанд

0
71

Пешгирии фурӯши наздики 100 тонна хурмои хушк:  мехостанд аз Рамазон истифода кунанд

Агентии Тоҷикстандарт воридоти зиёда аз 98 тонна меваи хурмои хушк ва 50 тонна маҳсулоти ғизоии пастсифат пешгирӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Ин ниҳод гуфтааст, бо истифода аз фурсати фарорасии моҳи Рамазон баъзе соҳибкорон бо мақсади ба даст овардани даромади муфт, манфиатҳои худро аз манфиати ҷомеа боло дониста бо ҳар роҳу восита ба бозори истеъмоли маҳсулоти пастсифату ба саломатӣ хатарнокро ворид менамоянд.

Ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод як соҳибкор тавассути дидбонгоҳи гумрукии Панҷи Поён 98 ҳазору  950 кг хурмои хушк, 25 000 кг қайлаи помидор, 19 600 кг карамел ва 7000 кг хамиртуруш ворид намудааст.

Манбаъ мегӯяд, ба Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Хатлон барои гузаронидани корҳои сертификаткунонӣ дархост ворид шудан маҳсулоти пастсифат ошкор гардид.

Манбаъ мегӯяд, дар раванди гузаронидани ташхиси намунаи маҳсулоти мазкур муаян шуд, ки хурмои хушк бо сабаби муҳлати истеъмолиаш гузаштан ва қайлаи помидор, карамел ва хамиртуруш ба талаботи тамғагузорӣ ҷавобгӯ набудаанд.

Ин ниҳод мегӯяд бо ин сабабҳо ба мањсулоти мазкур сертификати мутобиќат дода нашуд.

Тоҷикстандарт гуфтааст, бо назардошти ин, мањсулоти мазкур тибқи низоми “Реэкспорт” аз қаламрави љумҳурӣ берун бароварда шуд.

Гуфта мешавад ҷињати пешгирї намудани воридоти мањсулоти пастсифат ва ба саломатї хатарнок  аз љониби мутахассисони Агентї бо воридкунандагон ва истењсолкунандагони мањсулоти хўрокворї корњои фањмондадињї ба роњ монда мешаванд, аммо бо ҳам ҳолатҳои зикршуда ба назар мерасад.

Источник: sputnik-tj.com