Пешгирӣ аз коронавирус: кадом мавзеъҳои Хуҷанд дезинфексия шуданд?

0
102

Пешгирӣ аз коронавирус: кадом мавзеъҳои Хуҷанд дезинфексия шуданд?

Дезинфексия ё безараргардонӣ дар вилояти Суғд аз шаҳри Хуҷанд сар шуд. Мақомот мегӯянд, минбаъд дар дигар шаҳру навоҳиҳои вилоят низ ин кор анҷом дода мешавад

ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон менависад, ки поккорӣ дар Хуҷанд аз боғи Камоли Хуҷандӣ оғоз шуд.

Бино бар иттилои манбаъ, бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии ҳаргуна касалиҳои сироятӣ шуъбаву гурӯҳҳои махсуси карантинии милитсияи ВКД барои безараргардонии (дезинфекция) ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла боғҳои истироҳатӣ масъул гардонида шудаанд.

“Масъулини гурӯҳи махсуси назорати карантинии милитсияи ВКД дар вилояти Суғд фаъолияти хизматии худро дар ин самт ба роҳ монда шоми 24-уми апрел дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии маркази маъмурии вилояти Суғд поккории дизенфексионӣ гузарониданд”, – тавзеҳ медиҳад манбаъ .

Гирду атрофи боғ, роҳраву гулгаштҳо, майдончаҳои истироҳатӣ ба пуррагӣ бо маҳлулҳои биохимикӣ аз ҷониби мутахассисон тоза карда шуданд.

Чунин чорабиниҳои пешгирикунандаи безараргардонӣ дар ҳудуди боғҳои истироҳатии шаҳри Хуҷанд – Наврӯзгоҳ, Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, маҷмааи фароғатии Исмоили Сомонӣ низ гузаронида шуда, минбаъд дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба роҳ монда мешавад.

 

Источник: sputnik-tj.com