Пенс изҳор намуд, ки доруҳо барои кумак ба беморони гирифтори коронавирус метавонанд то тобистон омода шаванд

0
125

Пенс изҳор намуд,  ки доруҳо барои кумак ба беморони гирифтори коронавирус метавонанд то тобистон омода шаванд

ДУШАНБЕ, 04.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Маводи нави доруворӣ  барои сироятёфтагон аз коронавирус метавонанд тобистон ё аввали тирамоҳ дар ИМА омода шаванд. Тибқи иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС,  дар ин бора рӯзи душанбе дар брифинг барои рӯзноманигорон дар Қасри Сафед  ноиби президенти Иёлоти Муттаҳида  Майкл  Пенс хабар дод.

Ба гуфти ӯ, «ширкатҳои зиёди дорусозӣ аллакай  барои ихтироъ намудани ваксина кор бурда истодаанд»  ва тадқиқот вобаста  ба он дар шаш ҳафтаи охир шурӯъ мешаванд.

«Озмоишҳо табиатан, тавре коршиносон ба мо шарҳ доданд, чунинанд, ки  ваксина ҳанӯз то охири соли равон ё аввали соли оянда шояд нотамом  монанд. Вале дорувор барои беҳтар сохтани ҳолати беморони  коронавирус метавонад аллакай ҳамин тобистон  ё аввали тирамоҳ  дастрас шаванд»,- гуфт ӯ.

Пенс ҳамчунин изҳор намуд, ки “ ширкатҳои дорусозии ИМА барои ҳамкорӣ  ва мубодилаи  маълумот дар  самти таҳияи доруворӣ ва ваксина ҷамъияти муттаҳида  таъсис медиҳанд”.

Источник: khovar.tj