ДУШАНБЕ, 07.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар Тоҷикистон вазъи ҳаво номусоид гардида, борон ва барф борид.
Паст шудани ҳарорати ҳаво дар мамлакат барои кишоварзон мусоид арзёбӣ мешавад. Зеро гарм ва бебориш омадани зимистони имсола боғдорону деҳқонони хоҷагиҳои деҳқониро хеле нигарон намудааст.
Ба иттилои директори Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров, «паст шудани гармии ҳаво ва бориши борону барф барои безараргардонӣ ва пешгирии дарахтон аз гулкунии барвақтӣ, несту нобуд кардани ҳашароти зараррасон ва нигоҳ доштани намӣ дар хок имконияти хуб маҳсуб мешавад. Он ҳамчунин барои хуб нашъунамо ёфтани дарахтон манфиатовар мебошад».
Ба қавли ҳамсуҳбати мо, камбориш ё хушк омадани зимистони имсола барои зироати кишоварзӣ, махсусан соҳаи боғу токпарварӣ зиёновар дониста мешавад. Зеро камбориш омадани ҳаво сабаби зиёд гардидани ҳашароти зараррасон ва тезтар инкишоф ёфтани дарахтон мегардад.
Ба иттилои номбурда, ҳавои сард дарахтонро аз нашъунамо нигоҳ дошта, ба сардиҳои баҳор тобовар мегардонад.
Масъулини Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирёбии вазъи ҳаворо барои кишти зироати тухмӣ имконияти хуб медонанд. Зеро аз бориши барфи зиёд замин ҳосилхез мегардад. Ҳамчунин дар ин давра корҳои обмонии захиравӣ ва яхобмонӣ гузаронида мешаванд.
Ба зикри номбурда, айни замон гузаронидани корҳои қаламчакунӣ ва башаклдарории дарахтон мувофиқ буда, он то аввалҳои моҳи феврал идома меёбад.
Қаламчакунии дарахтон ва гулу буттаҳо низ яке аз воситаҳои зиёд кардани ниҳолпарварӣ ба шумор меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештари дарахтони сояфкан ва ороиширо ба ин восита зиёд мекунанд.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ аз 26 декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид намуданд: «Солҳои минбаъда паёмадҳои манфии тағйирёбии иқлим ба соҳаи кишоварзӣ низ меафзояд. Сол ба сол афзоиш ёфтани масоҳати заминҳои бекор, биёбоншавӣ ва камобиву хушксолӣ сабаби торафт паст шудани ҳосилнокии зироати кишоварзӣ мегардад. Моро зарур аст, ки маданияти баланди заминдориро риоя намуда, ҷиҳати истифодаи самараноку сарфакоронаи об барои обёрии заминҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои каммасраф дар соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи захираҳои об тадбирҳои доимӣ андешем».
Источник: khovar.tj