Пас аз суҳбати Раҳмону Ҷинпин: Чин кумаки навбатӣ ба Тоҷикистон ирсол кард

0
68

Пас аз суҳбати Раҳмону Ҷинпин: Чин кумаки навбатӣ  ба Тоҷикистон ирсол кард

Бегоҳи рӯзи 16 – уми май раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои худ Си Ҷинпин сӯҳбати телефонӣ анҷом дод. Кишвардори Чин ба Эмомалӣ Раҳмон ваъда дод, ки Тоҷикистонро аз ваксини зидди коронавирус таъмин мекунад

ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Зимнан, зӯҳри 17 – уми июн дар гузаргоҳи марзӣ, Тоҷикистон кумаки навбатии ҳукумсати Чинро дастрас намуд, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба маълумоти сафорати Чин дар Душанбе.

Бар хабари манбаъ, кумаки башардӯстонаи навбатӣ  9,4 тонна буда, аз тестҳо барои дақиқ кардани сирояти коронавирус, либосҳои муҳофизатӣ барои пизишкон ва ҳамчунин ниқобҳои тиббӣ иборат аст.

“Гурӯҳи сеюми кумаки башардӯстона аз Чин дар шакли маводи тиббӣ бар зидди эпидемия рӯзи чоршанбе дар гузаргоҳи сарҳадии Қулма-Карасу дар сарҳади Чину Тоҷикистон интиқол дода шуд”, – омадааст дар хабар.

Қайд карда мешавад, ки дар ин дастаи кумак ба мубориза алайҳи коронавирус, Чин ба Тоҷикистон 50 ҳазор системаҳои ташхиси COVID-19, 2 ҳазор маҷмӯаи муҳофизати тиббӣ, 5 ҳазор ниқобҳои тиббии N95 ва 500 ҳазор ниқобҳои тиббии ҷарроҳиро ирсол намудааст.

Маврид ба ёдоварист, ки пас аз сар задани маризии сироятии коронавирус дар Тоҷикистон ҷониби Чин ҳамаҷониба дар мубориза алайҳи ин беморӣ ба ҷумҳурӣ кумак кард.

Коршиносони соҳаи тиб аз ҳар ду кишвар тариқи видео пайваста мубодила таҷриба мекарданд. Гузашта аз ин, Чин як гурӯҳ табибону мутахассисонро барои кумак ба пизишкони тоҷик равона намуда буд.

Источник: sputnik-tj.com