Парвандаҳо оид ба риоя накардани Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» афзудаанд

0
265

Парвандаҳо оид ба риоя накардани Қонун  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  афзудаанд

ДУШАНБЕ, 03.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бо дахли риояи талаботи қонунҳои миллӣ — «Дар бораи  танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти  падару модар дар  таълиму тарбияи  фарзанд»  имрӯз Раиси Суди Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён дар нишасти хабарӣ ҳангоми натиҷагирӣ аз фаъолияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли гузашта баён кард, ки аз ҷониби судҳо соли гузашта оид ба  вайрон кардани талаботи  Қонун «Дар бораи  танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»   қариб 700 адад парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ  баррасӣ шудаанд. Дар натиҷа нисбат ба 686 нафар  ба маблағи  умумии беш аз 3,3 миллион сомонӣ  ҷарима татбиқ гардидааст. Инчунин  теъдоди парвандаҳои  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ  доир ба риоя накардани  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» беш аз 15 ҳазорро ташкил додааст, ки дар қиёс ба соли   2018  381 адад зиёд буда, дар маҷмӯъ нисбат ба 5669 нафар ҷазои огоҳӣ  ва нисбат ба 8553 нафар  ба маблағи  1 миллиону 370 ҳазор сомонӣ  ҷарима таъйин гардидааст.

Зикр шуд, ки ба судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли сипаригардида беш аз 156 ҳазор парванда ва дархосту  пешниҳод ворид гардидаанд, ки ин омор дар қиёс ба соли 2018 5616 адад  зиёд мебошад. Раиси Суди Олии  ҷумҳурӣ зикр намуд, ки аз парвандаҳои баррасигардида дар марҳилаи  якум беш аз 14 ҳазор ададро парвандаи гражданӣ, 42 359 ададро парвандаи оилавӣ,  беш аз 10 ҳазорро  парвандаи ҷиноятӣ ва зиёда аз 50 ҳазорро парвандаи  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ташкил медиҳанд.

Ҳамзамон Шермуҳаммад Шоҳиён дар ҷамъи хабарнигорон  доир ба масъалаи баланд бардоштани  маърифату дониши ҳуқуқии  шаҳрвандони мамлакат гуфт, ки  бо мақсади амалӣ намудани  «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2009-2019»  судяҳо ва кормандони  дастгоҳҳои судҳо  миёни аҳолӣ  қариб се ҳазор маротиба  дар мавзӯъҳои ҳуқуқӣ  суҳбат карда, инчунин дар қисмҳои ҳарбӣ зиёда аз 11 294  вохӯрию мулоқот доир намуданд.

Источник: khovar.tj