«Пайванди наслҳо»-таҳти ин унвон намоиши асарҳои рассом Нуралӣ Солиҳов доир шуд

0
77

«Пайванди наслҳо»-таҳти ин унвон намоиши асарҳои рассом Нуралӣ Солиҳов доир шуд

ДУШАНБЕ, 03.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 1 феврал  дар толорҳои намоишии Иттифоқи рассомони Тоҷикистон намоиши асарҳои рассом Нуралӣ Солиҳов бо номи «Пайванди наслҳо»  баргузор гардид. Дар намоиши мазкур доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Аслиддин Низомӣ, сармутахассиси Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Иброҳимзода, Рассоми халқии Тоҷикистон Исуфҷон Сангов, Раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Наргис Ҳамидова ва теъдоди зиёди тамошобинону дӯстдорони санъати рассомӣ иштирок варзиданд.

Рассом Нуралӣ Солиҳов манзараҳои диёр, расму анъана ва урфу одати миллиро бо асбоби мусиқӣ тавъам намуда, хеле хуб тасвир намудааст. Дар намоиш диққати бинандаро тасвире бо номи «Муждаи баҳор» бештар ҷалб намуд. Инчунин дигар расмҳо низ хеле зебо кашида шуда буданд.

Профессор Аслиддин Низомӣ зикр кард, ки «Пайванди наслҳо» дар ҳақиқат метавонад наслҳоро бо ҳам бипайвандад, зеро санъати тасвириро бо асбоби миллӣ омехта намудану ба риштаи қалам кашидани рассом гувоҳи он аст.

Дар ҷамъбасти намоиш ба рассом Нуралӣ Солиҳов барои саҳми назаррасаш дар санъати рассомӣ «Ифтихорнома» супорида шуд.

«Пайванди наслҳо»-таҳти ин унвон намоиши асарҳои рассом Нуралӣ Солиҳов доир шуд «Пайванди наслҳо»-таҳти ин унвон намоиши асарҳои рассом Нуралӣ Солиҳов доир шуд

Источник: khovar.tj