ПАЙРАВӢ АЗ ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нав маоши якмоҳаи худро барои мубориза бо коронавирус таҳвил доданд

0
139

ПАЙРАВӢ АЗ ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нав маоши якмоҳаи худро барои мубориза бо коронавирус таҳвил доданд

ДУШАНБЕ, 04.05.2020/АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Вазорати саноат ва техлогияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон маоши якмоҳаашонро барои мубориза бо коронавирус дар кишвар таҳвил доданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, роҳбарияти Вазорат барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус (COVID-19), ки айни замон дар ҷумҳурӣ ошкор гардидааст,  маоши якмоҳаи худро ба суратҳисоби фонди хайриявии таъсис додаи ситоди ҷумҳуриявӣ таҳвил хоҳанд дод.

Ҳамчунин  Вазорати саноат ва технологияҳои нав  бо мақсади  дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба миқдори 5 ҳазор дона ниқобҳои тиббӣ, 250 дона камбензони яккаратаи тиббӣ, 400 кг оҳаки хлордор ва 500 литр спирти техникӣ ҳамчун кумак пешниҳод намудааст.

Вазорат вобаста ба имкониятҳо минбаъд ин иқдомро идома хоҳад дод.

ПАЙРАВӢ АЗ ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нав маоши якмоҳаи худро барои мубориза бо коронавирус таҳвил доданд

ДАР АКС: Раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода

 Бино ба хабари «Пайк», Раиси  шаҳри Кӯлоб, ҳамзамон  раиси Ситоди шаҳрии мубориза бо  Covid-19 Баҳром Иноятзода  маоши  якмоҳаи  худро ба суратҳисоби ситод пардохт кард. Кормандони соҳаи буҷетӣ баъди дарки масъала ҳама  тасмим гирифтанд дар мубориза ба муқобили вабои аср дар канор набошанд, балки бо маблағ ва дигар восита кумаки худро  расонанд.  Маблағи ҷамъшуда пурра барои хариди доруворӣ барои беморони мавҷуда ва эҳтимолӣ, ниқобҳои тиббӣ, либосвориҳои махсус барои табибон ва пардохти изофапулӣ ба маоши табибон сарф хоҳад шуд.

Аз ҷумла, соҳибкор Сафармуҳаммад Рустамов ба суратҳисоби ситод 10 000 сомонӣ  интиқол дод. Соҳибкори дигар ҳам бо номи Ҳабиб, ки мағозаи либосворӣ дорад, барои мубориза бо коронавирус 4 500 сомонӣ ҷудо кард. Ҳаким Қувватов,  фарзанди журналисти шинохта шодравон Хол Қуватов,    ба шаҳри  Кӯлоб  як миқдор доруворӣ ворид намудааст, ки  барои табобати ройгони беморон истифода  карда  мешаванд.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд,  чанде пеш Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маоши якмоҳаи худро барои мубориза бо коронавирус ба суратҳисоби махсуси таъсисёфта таҳвил доданд.  Баъдтар дар пайравӣ аз чунин иқдоми Сарвари давлат  роҳбарияти  Вазорати корҳои дохилии  Тоҷикистон  низ як қисми маоши худро ба суратҳисоби зикршуда  интиқол дод.

Источник: khovar.tj