ПАЙРАВӢ АЗ ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Роҳбарияти Маҷлиси намояндагон як маоши худро ба фонди маблағгузории пешгирӣ аз вируси сироятии КОВИД-19 мегузаронанд

0
155

ПАЙРАВӢ АЗ ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Роҳбарияти Маҷлиси намояндагон як маоши худро ба фонди маблағгузории пешгирӣ аз вируси сироятии КОВИД-19 мегузаронанд

ДУШАНБЕ, 05.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода дар пайравӣ аз иқдоми Пешвои миллат дар ростои мубориза бар зидди бемории сироятии КОВИД-19 тасмим гирифтаанд, ки 1 маоши моҳонаи худро ба суратҳисоби фонди маблағгузории пешгирӣ аз вируси сироятии КОВИД-19 гузаронанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Тибқи тасмими Раёсати Маҷлиси намояндагон Раис, муовини аввал ва муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон як маоши моҳонаи худро ва вакилони Маҷлиси намояндагон як қисми маоши моҳонаашонро ба ин суратҳисоб интиқол хоҳанд дод.

Гуфта мешавад, ки роҳбарияти Маҷлиси намояндагон аснои қабули ин тасмим таъкид намуданд, ки дар чунин лаҳзаҳои барои мардум душвор вакилони мардумӣ бо тамоми ҳастӣ дар паҳлӯи миллату давлати худ буда, талош менамоянд дар ҳама шароит барои рафъи мушкилоти пешомада, бо интихобкунандагони худ ҳаммаром бошанд.

Источник: khovar.tj