ПАЙРАВӢ АЗ ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш 50 фоиз маоши худро ба суратҳисоби мубориза бар зидди коронавирус интиқол медиҳанд

0
92

ПАЙРАВӢ АЗ ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ.  Роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш 50 фоиз маоши худро ба суратҳисоби  мубориза  бар зидди коронавирус интиқол медиҳанд

ДУШАНБЕ, 05.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои зерсохтори  он  тасмим гирифтаанд, ки 50 фоиз маоши худро ба суратҳисоби фонди хайриявии таъсисдодаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба   мубориза бар зидди коронавирус таҳвил диҳанд. Ин иқдом имрӯз зимни баргузории ҷаласаи навбатии Ситоди дохилиидоравии ин ниҳод  якдилона пазируфта шуд.  

Тавре аз маркази матбуотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, маблағи умумии мазкур 30 ҳазору 183 сомониро ташкил намуда, иқдоми мазкур дар  пайравӣ ба ташаббуси  хирадмандонаи  Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   сурат  гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маоши якмоҳаи худро барои мубориза бо каронавирус ба суратҳисоби махсуси таъсисёфта гузарониданд. Баъдтар дар пайравӣ аз ин иқдоми Сарвари давлат роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нави мамлакат ва раисони шаҳру ноҳияҳо низ қисми маоши худро ба суратҳисоби зикршуда интиқол доданд.

Источник: khovar.tj