ПАЙРАВӢ АЗ ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ба фонди КОВИД-19 беш аз 50 ҳазор сомонӣ ёрӣ расонд

0
104

ПАЙРАВӢ АЗ ТАШАББУСИ  ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ба фонди КОВИД-19 беш аз  50 ҳазор сомонӣ ёрӣ расонд

ДУШАНБЕ, 04.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои махсуси худ беш аз  50 ҳазор сомонӣ ба фонди КОВИД-19, ки  барои  ба табобат фаро гирифтану муолиҷа намудани сироятёфтагони ин вирус  равона гардидааст, кумак намуд.

Тавре аз  Кумитаи мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, мақомоти мазкур ин иқдомро  дар пайравӣ ба ташаббуси хайрхохонаи  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии  бемории сироятии КОВИД-19  роҳандозӣ намудааст.

«Ҳамзамон кормандони Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки  охири моҳи май  музди маоши чанд рӯзаи  кории  худро ба фонди мазкур  гузаронанд»,-афзуд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки 1 майи соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар муддати се моҳ ҷиҳати пардохти иловапулӣ дар ҳаҷми як маоши вазифавӣ ҳармоҳа ба музди меҳнати амалкунандаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки бевосита дар раванди ташхис ва табобати сирояти COVID-19 дар муассисаҳои табобатӣ ва таҳти карантин қарордодашуда иштирок менамоянд, аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 12,4 миллион сомонӣ (дувоздаҳ миллиону чорсад ҳазор сомонӣ) маблағ ҷудо намуданд.

Илова бар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маоши вазифавии якмоҳаи худро ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 кушода шудааст, гузарониданд.

Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини кафолати иҷтимоии кормандони соҳаи тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, пешгирӣ ва табобати беморӣ равона шудааст.

 

 

Источник: khovar.tj