Пагоҳ Вазорати молия, Агентии омор ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ мегузаронанд

0
198

Пагоҳ Вазорати молия, Агентии омор ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ мегузаронанд

ДУШАНБЕ, 12.02. 2020 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 13 феврал Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир менамоянд.

Нишасти матбуотии Вазорати молия соати 09:00 ва Агентии омор соати 10:00 барпо шуда, онҳо  дар бинои ин сохторҳо мегузаранд.

Маркази миллии тестӣ соати 14:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» нишасти матбуотӣ доир менамояд.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» www.khovar.tj  ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Источник: khovar.tj