Пагоҳ Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, МД «Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ», МД «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» нишасти матбуотӣ мегузаронанд

0
167

ДУШАНБЕ, 13.02. 2020 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 14 феврал Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ», Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи  «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» оид ба  натиҷаҳои фаъолият дар соли 2019 нишасти матбуотӣ мегузаронанд.

Агентии назорати маводи нашъаовар соати 09:00 дар Агентии мазкур нишасти матбуотӣ меорояд.

Нишасти матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ соати 11:00 дар маҷлисгоҳи Вазорати мазкур барпо мегардад.

МД «Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ» соати 14:00 ва МД «Маркази идораи лоиҳаи  «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» соати 15:30 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» нишасти матбуотӣ доир менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки нишастҳои матбуотӣ мутобиқи Амри Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 баргузор мешаванд.

Источник: khovar.tj