Пагоҳ нишасти матбуотии Вазорати адлия, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Агентии авиатсияи гражданӣ, Маркази тадқиқоти стратегӣ баргузор мешавад

0
204

Пагоҳ нишасти матбуотии Вазорати адлия, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Агентии авиатсияи гражданӣ, Маркази тадқиқоти стратегӣ баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 06.02. 2020 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 7 феврал Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаи  фаъолияташон   дар соли 2019 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии Вазорати адлия соати 09:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» доир мешавад.

Маркази тадқиқоти стратегӣ нишасти матбуотиро соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Маркази мазкур  мегузаронад.

Нишасти хабарии Агентии авиатсияи гражданӣ дар якҷоягӣ бо КВД «Тоҷикаэронавигатсия», ҶСК «Тоҷик Эйр», ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» соати 11:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» баргузор мешавад.

Нишасти матбуотии Кумитаи рушди сайёҳӣ соати 14:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» доир мегардад.

Хотиррасон мекунем, ки тибқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ  (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 221-34-24, 888-08-34-04) гузаронидани онҳо мувофиқа мекунанд.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» www.khovar.tj  ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Источник: khovar.tj