Пагоҳ нишасти матбуотии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи забон ва истилоҳот, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, «Барқи Тоҷик» ва Академияи идоракунии давлатӣ баргузор мешавад

0
204

Пагоҳ  нишасти матбуотии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи забон ва истилоҳот, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, «Барқи Тоҷик» ва Академияи идоракунии давлатӣ баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 10.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 11 феврал  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва   Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаи фаъолияташон дар соли 2019  нишасти матбуотӣ доир менамоянд.

Нишасти матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия соати 08:30 дар бинои нави Агентӣ, бо суроғаи шаҳри  Душанбе,  кӯчаи А.Сино 126/1 баргузор мешавад.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ нишасти матбуотиро соати 09:00 дар маҷлисгоҳи Кумитаи мазкур барпо менамояд.

Академияи идоракунии давлатӣ соати 11:00 ва Кумитаи забон ва истилоҳот нишасти матбуотиро соати 14:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» доир месозад.

Нишасти матбуотии ШСХК «Барқи Тоҷик» соати 16:00 дар  бинои ширкати мазкур баргузор мешавад.

Хотиррасон мекунем, ки тибқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ  (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 221-34-24, 888-08-34-04) гузаронидани онҳо мувофиқа мекунанд.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» www.khovar.tj  ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Источник: khovar.tj