Пагоҳ дар ноҳияи Панҷ Фестивал барои кӯдакон баргузор мегардад

0
163

Пагоҳ дар ноҳияи Панҷ  Фестивал барои кӯдакон баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 01.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 2 ноябр, дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон бахшида 30-солагии Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак ва  25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивал барои кӯдакон баргузор мегардад. Дар ин бора мутахассис оид ба робита бо ҷомеаи  Хазинаи кӯдакони СММ  дар Тоҷикистон   Шӯҳрат Шарипов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, Фестивали мазкурро Хазинаи кӯдакони СММ  дар Тоҷикистон   дар ҳамбастагӣ  бо вазоратҳои адлия,  меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ  бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Раванди таъсири муҳоҷират ба кӯдакон»  доир менамояд.

Дар Фестивал ҳунармандони фаъол иштирок намуда,  дар он  барои кӯдакон  кунҷҳои рассомӣ  ва бозиҳои бачагона, аз ҷумла фудкорт ва ғайраҳо ташкил мегарданд.

Ташкилкунандагони  Фестивал ҳамчунин  тасмим гирифтаанд, ки тақрибан 300 кӯдаки ниёзманд ва хурдсолонеро, ки имконияти ба даст овардани зоднома  надоштанд, бо  ҳуҷҷатҳои зарурӣ  таъмин намоянд.

Источник: khovar.tj