Пагоҳ дар Душанбе ба муносибати 27-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон паради ҳарбӣ баргузор мешавад

0
213

Пагоҳ дар Душанбе  ба муносибати 27-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии  Тоҷикистон  паради ҳарбӣ  баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 20.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 21 феврал дар ҷумҳурӣ  ба муносибати 27-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ паради ҳарбӣ баргузор мешавад. Қариб 8 ҳазор нафар сарбоз ва афсарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳудуди Гвардияи миллии мамлакат бо паради тантанавии ҳарбӣ қадам мезананд. Дар ин бора сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Нозимиён ба АМИТ  «Ховар» иттилоъ дод.

Ба иттилои манбаъ, ба паради ҳарбӣ Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо роҳбарӣ мекунад.

Тибқи иттилои манбаъ, чорабиниҳои идона ба ифтихори солгарди Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар тамоми шаҳру минтақаҳои ҷумҳурӣ баргузор карда мешаванд. Дар боғҳои пойтахт бо иштироки гурӯҳҳои эҷодии раёсати мудофиа — ансамблҳои суруд ва рақс, мусиқинавозони  ҳарбӣ барномаҳои консертӣ доир мегарданд.

23 феврал дар тамоми воҳидҳои низомӣ, қисмҳо ва гарнизонҳо  маросими тантанавӣ барпо шуда, барномаҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ баргузор мешаванд.

Дар Тоҷикистон 23 феврал аз соли 1993 инҷониб ҳамчун Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ таҷлил гардида, айни замон артиши Тоҷикистон аз се навъи қӯшунҳо — неруҳои ҳарбию ҳавоӣ, мудофиаи зиддиҳавоӣ, қӯшунҳои хушкигард ва мобилӣ иборат мебошад.

Источник: khovar.tj