Пагоҳ ҷараёни баргузории интихоботи вакилони парламенти Тоҷикистонро зиёда аз 230 нафар нозири байналмилалӣ мушоҳида мекунанд

0
112

Пагоҳ ҷараёни баргузории интихоботи вакилони  парламенти  Тоҷикистонро зиёда аз 230 нафар нозири байналмилалӣ мушоҳида мекунанд

ДУШАНБЕ, 29.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҷараёни баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки 1 марти соли равон доир мегардад, зиёда аз 230 нафар нозири байналмилалӣ мушоҳида мекунанд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсити ҶТ.

Гуфта мешавад, ки  мушоҳидони  мазкур бо намояндагӣ   аз Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Кумитаи иҷроияи ИДМ, Созмони Ҳамкории Шанхай, Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, аз ҷумла сафоратҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараёни баргузории интихоботи парлумониро дар Тоҷикистон, ки пагоҳ, 1 март, баргузор мешавад, мушоҳида хоҳанд намуд.

Бо мақсади мушоҳидаи интихобот, гузаронидани он дар шароити шаффоф ва ошкоро намояндагони ин созонҳо аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси мушоҳидони байналмилалӣ аккредитатсия карда, ба онҳо шаҳодатномаи мушоҳиди байналмилалӣ дода шуд.

Шурӯъ аз 10-уми феврал мушоҳидони байналмилалӣ аз ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботии  шаҳру ноҳияҳо  оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуда, ба тартиби кори онҳо шинос шуданд.

Источник: khovar.tj