Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштин соҳиби 4 медал гардиданд

0
127

Паҳлавонони  тоҷик дар   Чемпионати Осиё оид ба гӯштин  соҳиби 4 медал гардиданд

ДУШАНБЕ, 24.02.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Тавре қаблан хабар дода будем, аз 18 то 23 феврал дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон Чемпионати Осиё оид ба гӯштини озод ва юнонӣ-римӣ баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур Тоҷикистон бо ду медали нуқра ва 2 биринҷӣ миёни 24 кишвари иштирокчӣ ҷои нуҳумро соҳиб шуд. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ,  Чемпионати Осиё оид ба гӯштин 23 феврал  бо баргузории қувваозмоиҳо дар вазнҳои 61кг, 74кг, 86кг, 92кг ва  125 кг анҷом ёфт.

Дар рӯзи охир паҳлавонони тоҷик боз як медали нуқра ба даст оварданд. Онро Муҳаммад Икромов дар вазни 61кг соҳиб шуд. Ӯ дар чорякфинал бар варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Ҷиҳон Юн, дар нимфинал бар варзишгари Япония Риуто Сакакӣ ғалаб кард, вале дар финал аз намояндаи Қирғизистон Улукбек Жолдошбеков бо ҳисоби 0:3 мағлуб гардида, ҷои дуюмро ишғол намуд.

Ин медали чоруми гӯштингирони тоҷик дар Чемпионати Осиё буд, ки 18-23 феврал дар Деҳлӣ баргузор шуд. Қаблан Ҳикматулло Воҳидов дар вазни 57кг-и гӯштини озод медали нуқра, Искандари Рустам дар вазни 97кг ва Мубинҷон Ахмедов дар вазни 63кг медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар чемпионат аз рӯи се равия – гӯштини тарзи озод, гӯштини юнонӣ-римӣ ва гӯштини бонувон – 275 нафар варзишгарон аз 24 давлати қораи Осиё иштирок доштанд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро  15 нафар варзишгар – ҳафтнафарӣ аз рӯи равияҳои гӯштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ, як нафар дар гӯштини бонувон намояндагӣ карданд.

Дар ҳисоби даставӣ варзишгарони Япония бо ба даст овардани 15 медал (8 тилло, 5 нуқра, 2 биринҷӣ) ҷои аввалро сазовор шуданд.

Эрон бо 17 медал (7-4-6) ҷои дуюм, Ҳиндустон бо 21 медал (6-5-10) ҷои сеюмро ишғол намуданд.

Источник: khovar.tj