Паҳлавонони шинохтаи тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии дзюдо «Dusseldorf Grand Slam 2020» иштирок мекунанд

0
218

Паҳлавонони шинохтаи  тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии дзюдо «Dusseldorf Grand Slam 2020»   иштирок мекунанд

ДУШАНБЕ, 13.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Аз  21  то  23  феврал  дар шаҳри Дюсселдорфи Германия Мусобиқаи муҳташами «Dusseldorf Grand Slam 2020» оид ба дзюдо баргузор мешавад. Дар ин бора шореҳи варзиш Каримхон Бекматов ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Ба  иттилои номбурда, дар мусобиқаи  мазкур  иштироки 802  нафар варзишгарон, аз ҷумла, 471 мард ва 331 зан аз 121 мамлакати  ҷаҳон  дар назар аст. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 11 нафар дар «Dusseldorf Grand Slam 2020»  ширкат меварзад. Шояд рӯзҳои наздик шумораи иштирокчиён аз Ҷумҳурии Тоҷикистон  тағйир ёбад.

  • Мирзозода Муҳаммадаюб -60кг
  • Абдуллоев Ҷамолиддин -60кг
  • Сомон Маҳамадбеков -73кг
  • Беҳрӯзи Хоҷазода -73кг
  • Акмал Муродов -81кг
  • Ҳақназар Назаров -81кг
  • Комроншоҳи Устопириён -90кг
  • Сиротулло Икромов -90кг
  • Саидҷалол Саидов -100кг
  • Хуршед Маҷидов -100кг
  • Шакармамад Мирмамадов +100кг
  • Чанде пеш  ду паҳлавони  шинохтаи тоҷик   Беҳрӯзи Хоҷазода ва Сомон Маҳмадбеков дар Мусобиқаи байналмилалии дзюдо «Paris Grand Slam 2020», ки дар шаҳри Парижи Франсия баргузор гардид, ҷойҳои ҳафтумро соҳиб шуданд.  Беҳрӯзи Хоҷазода аз панҷ рақобат дар сетоаш пирӯзӣ ба даст овард ва дар ду қувваозмоӣ мағлуб шуд. Вай, ки дар даври аввал озод буд, баъди се пирӯзӣ бар Уилям Тай Тин (Самоа), Тео Ригуин (Франсия) ва Шамил Ҷавбатиров (Германия) ба чорякфинал роҳ ёфт. Вале ӯ дар даври чорякниҳоӣ аз Соичи Ҳашимото (Япония) мағлуб  гашт. Сипас дар даври тасаллобахш аз Масаши Эбинуми (Япония) ноком шуд ва дар натиҷа мақоми ҳафтумро касб намуд.

    Сомон Маҳмадбеков аз шаш рақобат дар чаҳортояш ғолиб омада, дутоашро бохт. Ӯ бар Ҷорҷ Фернандес (Португалия), Дирк Ван Тичелт (Белгия), Никола Гардасевич (Монтенегро) ва Муҳаммад Муҳиддин (Миср) дастболо шуда, ба даври чорякниҳоӣ роҳ пайдо кард. Вале Сомон дар чорякфинал аз Жансай Смагулов (Қазоқистон) мағлуб гашт. Баъдан дар даври тасаллобахш аз Ҳикматуллоҳ Тӯраев (Ӯзбекистон) шикаст хӯрда, дар натиҷа мақоми ҳафтумро аз они худ кард.

    Ба иттилои   Федератсияи байналмилалии  дзюдо, дар «Paris Grand Slam 2020» 683 нафар варзишгарон (407 мард ва 276 зан) аз 115 кишвари панҷ қитъаи дунё ширкат намуданд

    Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон панҷ варзишгар дохил буд, ки дар сабқати мардон иштирок карданд. Ба ҷуз аз Беҳрӯзи Хоҷазода ва Сомон Маҳмадбеков Тоҷикистонро Акмал Муродов (то 81 кг), Комроншоҳи Устопириён (то 90 кг) ва Шакармамад Мирмамадов (беш аз 100 кг) намояндагӣ  намуда, аз ҳарифонашон мағлуб гардиданд.

    Зимнан, мусобиқаи мазкури  «Paris Grand Slam 2020» баъди Гран-прии Тел-Авив (Исроил) дуюмин мусобиқаи имсола аз силсилаи мусобиқоти ҷаҳонии дзюдо ба шумор меравад.

     

    Источник: khovar.tj