ПАҲЛӮ БА ПАҲЛӮИ МАРДОН ХИЗМАТ НАМУДАН БА НАФЪИ ВАТАН АЗ ҶАСОРАТИ ЗАНОНИ ТОҶИК ШАҲОДАТ МЕДИҲАД. Дар Вазорати корҳои дохилӣ ва раёсатҳои он дар Суғду Рашт Рӯзи Модар таҷлил гардид

0
205

ПАҲЛӮ БА ПАҲЛӮИ МАРДОН ХИЗМАТ НАМУДАН БА НАФЪИ ВАТАН АЗ ҶАСОРАТИ ЗАНОНИ  ТОҶИК ШАҲОДАТ МЕДИҲАД. Дар Вазорати корҳои дохилӣ ва раёсатҳои он дар Суғду Рашт Рӯзи Модар таҷлил гардид

ДУШАНБЕ, 06.03.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар толори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти вазорат, кормандзанони милитсия, бонувони собиқадори мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷавондухтарони фаъоли гурӯҳи «Авангард» бахшида ба Рӯзи Модар ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода бонувони мақомоти корҳои дохилиро бо ин ҷашни фархунда таҳният гуфта, зикр намуд, ки бузургии зан – модар дар рисолати тарбиятгарӣ ва иқдому ташаббусҳои созандагиву бунёдкории ӯ таҷассум меёбад, зеро дар ҳама давру замон занон бо хислати наҷиби тарбиятгарии худ, раҳму шафқат, меҳрубонӣ ҳамеша ҷомеаро ба пос доштани арзишҳои умумибашарӣ, сулҳу субот, ваҳдат, дӯст доштани Ватан ва ба кору амалҳои неку созанда даъват мекарданд ва имрӯз низ ин рисолатро онҳо ба зимма доранд.

ПАҲЛӮ БА ПАҲЛӮИ МАРДОН ХИЗМАТ НАМУДАН БА НАФЪИ ВАТАН АЗ ҶАСОРАТИ ЗАНОНИ  ТОҶИК ШАҲОДАТ МЕДИҲАД. Дар Вазорати корҳои дохилӣ ва раёсатҳои он дар Суғду Рашт Рӯзи Модар таҷлил гардидЗимни ҷаласа бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра кормандзанони милитсия барои ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти хизматӣ ва бахшида ба Рӯзи Модар бо медалу нишонҳои сарисинагӣ, Ифтихорномаю Сипосномаҳо қадрдонӣ гардида, ҳамзамон ҷавондухтарони гурӯҳи «Авангард», ки дар таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ саҳми назаррас гузоштаанд бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар фарҷом ҳунармандони санъати волои тоҷик чорабинии идонаро бо тараннуми суруду таронаҳои пурмазмун ва ҷаззоб дар васфи зан – модар, Ватан ва ишқу муҳаббат рангин гардонданд.

 

ПАҲЛӮ БА ПАҲЛӮИ МАРДОН ХИЗМАТ НАМУДАН БА НАФЪИ ВАТАН АЗ ҶАСОРАТИ ЗАНОНИ  ТОҶИК ШАҲОДАТ МЕДИҲАД. Дар Вазорати корҳои дохилӣ ва раёсатҳои он дар Суғду Рашт Рӯзи Модар таҷлил гардид ПАҲЛӮ БА ПАҲЛӮИ МАРДОН ХИЗМАТ НАМУДАН БА НАФЪИ ВАТАН АЗ ҶАСОРАТИ ЗАНОНИ  ТОҶИК ШАҲОДАТ МЕДИҲАД. Дар Вазорати корҳои дохилӣ ва раёсатҳои он дар Суғду Рашт Рӯзи Модар таҷлил гардид

Ҳамчунин, дирӯз дар маҷлисгоҳи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд баҳри гиромидошти эътибору эҳтироми бонувону модарони мушфиқ Рӯзи Модарро ботантана таҷлил намуданд.

ПАҲЛӮ БА ПАҲЛӮИ МАРДОН ХИЗМАТ НАМУДАН БА НАФЪИ ВАТАН АЗ ҶАСОРАТИ ЗАНОНИ  ТОҶИК ШАҲОДАТ МЕДИҲАД. Дар Вазорати корҳои дохилӣ ва раёсатҳои он дар Суғду Рашт Рӯзи Модар таҷлил гардидЗимни ҷаласа сардори Раёсат Абдулло Навҷувонов ҳалимиву меҳрубонӣ, нафосату покизагӣ ва даҳҳо сифатҳои хоси зан – модар, бахусус кормандзанони мақомоти милитсияро васф намуда, занро тароватбахши зиндагӣ, сарчашмаи ҳаёт ва фариштаи замин унвон кард.

«Дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ паҳлӯ ба паҳлӯи мардон истода хизмат намудан ба нафъи Ватан аз ҷасорати занони хушиқболи тоҷик шаҳодат медиҳад», — таъкид намуд Навҷувонов.

Ӯ ҳамчунин тазаккур дод, ки сиёсати имрӯзаи давлату миллат, аз ҷумла Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон ва берун аз он ба мавқеи зан арҷ гузоштанро талқин менамояд, зеро зан — модар тарбиятгари насли инсоният буда, сарсабзӣ ва ободии рӯзгори аҳли башар ба занон алоқамандӣ дорад.

«Рӯзгордорӣ ва кору пайкори занон дар ҳама ҷода нишонаи матонату қавииродагии онҳост, ки таъмингари фардои дурахшон аст, — гуфт Навҷувонов ва илова намуд, ки дар баробари муҳофизати марзу бум ва иҷрои қарзи фарзандӣ дар назди модарон, ҳамзамон гиромӣ доштани эҳтироми зан — модар номуси ҳар мард аст».

ПАҲЛӮ БА ПАҲЛӮИ МАРДОН ХИЗМАТ НАМУДАН БА НАФЪИ ВАТАН АЗ ҶАСОРАТИ ЗАНОНИ  ТОҶИК ШАҲОДАТ МЕДИҲАД. Дар Вазорати корҳои дохилӣ ва раёсатҳои он дар Суғду Рашт Рӯзи Модар таҷлил гардид ПАҲЛӮ БА ПАҲЛӮИ МАРДОН ХИЗМАТ НАМУДАН БА НАФЪИ ВАТАН АЗ ҶАСОРАТИ ЗАНОНИ  ТОҶИК ШАҲОДАТ МЕДИҲАД. Дар Вазорати корҳои дохилӣ ва раёсатҳои он дар Суғду Рашт Рӯзи Модар таҷлил гардид

Бахшида ба Рӯзи модар бо фармоиши Вазири корҳои дохилӣ ва сардори Раёсат 30 нафар кормандзанони мақомот бо назардошти кордониву масъулиятшиносӣ дар самти иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ ва сифатҳои шахсӣ бо медалу нишонҳои соҳавӣ, рутбаҳои навбатӣ, Ифтихорнома ва Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.

Илова бар ин, се нафар ғолиби мусобиқаи варзишӣ дар намуди тениси рӯи миз ҳавасманд карда шуданд.

Дар маҷлисгоҳи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт низ бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.

ПАҲЛӮ БА ПАҲЛӮИ МАРДОН ХИЗМАТ НАМУДАН БА НАФЪИ ВАТАН АЗ ҶАСОРАТИ ЗАНОНИ  ТОҶИК ШАҲОДАТ МЕДИҲАД. Дар Вазорати корҳои дохилӣ ва раёсатҳои он дар Суғду Рашт Рӯзи Модар таҷлил гардид

Сардори Раёсат Сафиало Азизулозода занону бонувони Раёсатро ба ин рӯз таҳният гуфта, 4 нафар кормандзанони ин ниҳодро бо медалу Ифтихорномаҳо сарфароз ва инчунин 14 нафари дигарро ҳавасманд гардонид.

Источник: khovar.tj