Озмуни «Авто-Бону-2020» ба вақти дигар гузошта шуд

0
104

Озмуни «Авто-Бону-2020» ба вақти дигар гузошта шуд

ДУШАНБЕ, 05.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Озмуни «Авто-Бону-2020» бинобар сабаби номусоидии вазъи ҳаво ба вақти дигар гузаронида шуд. Дар ин бора аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои  манбаъ, Озмуни мазкур бояд 7 март, соати 10:00, дар Автодроми автоматикунонидашудаи ба номи А.Турсунов, воқеъ дар километри 7-уми кӯчаи С. Айнӣ, бо ташаббуси Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор мегардид.

Источник: khovar.tj