Озмунҳо, барномаҳо, мусобиқаҳо ва хонишҳои сиёсӣ — ба ифтихори ҷашнҳои миллӣ миёни ҷавонон

0
57

Озмунҳо, барномаҳо, мусобиқаҳо ва хонишҳои сиёсӣ — ба ифтихори ҷашнҳои миллӣ миёни ҷавонон

ДУШАНБЕ, 11.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш тасмим гирифтааст, ки дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат озмуну барномаҳои маърифативу фарҳангӣ, варзишиву оммавӣ ва хонишҳои сиёсӣ баргузор намояд.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, озмунҳои «Ҳусноро» дар ноҳияи Ховалинг, «Суруди аллаи Модар» дар ноҳияи Файзобод, «Канӣ духтарон» дар ноҳияи Ванҷ, ҳамоиш дар мавзӯи «Либос як ҷузъи фарҳанги миллӣ» дар шаҳри Хуҷанд, мусобиқаҳои варзишӣ оид ба намуди волейбол миёни духтарон дар шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Ёвон, Кӯлоб, Фархор, Хоруғ, Дарвоз ва якчанд шаҳру ноҳияҳои дигар доир мегарданд.

Ин барномаю мусобиқот дар маҷмӯъ метавонанд барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавондухтарон, омода намудани ҷавонон ба  зиндагии мустақилона, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва бедор намудани ҳисси зебоипарастӣ мусоидат  намоянд.

Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумита, баргузории чунин барномаю ҳамоишҳо дар  деҳоти  дурдасти ҷумҳурӣ низ  ба роҳ монда шудааст.

Источник: khovar.tj