Озмуни ҷумҳуриявии “Нон шудам шоистаи ҳар хон шудам” 15.08.2021

0
1900

«Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам»

Зери ҳамин унвон Иттифоқи Тоҷикматлубот дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор 15 августи соли 2021 дар Боғи  “Ирами”-и  шаҳри Душанбе даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии нон ва маҳсулоти нониро ҷамбаст намуд.  

Дар озмун намояндагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва  шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок ва ҳунари худро нишон доданд.

Ҳайати ҳакамон намоиши ҳар як иштироккунандаи озмунро аз назар гузаронида, ба ҳунари онҳо баҳои сазовор доданд.     

Ғолибони озмун бо “Диплом” ва мукофотҳои пулии Иттифоқи Тоҷикматлубот қадрдонӣ гардида, ҳамаи дигар иштирокчиён бо “Ифтихорнома” ва “Сипоснома” сарфароз гардонида шуданд.

Қайд намудан зарур аст, ки Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот тибқи талаботи “Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021” рӯзи 4 июли соли 2021 дар тарабхонаи  “Истаравшан”-и  шаҳри Душанбе озмуни “Хӯришҳои миллӣ ва муосир”-ро ҷамъбаст намуда, ғолибонро бо “Диплом”, “Ифтихорнома”, “Сипоснома” ва мукофотҳои пулии Иттифоқи Тоҷикматлубот қадрдонӣ карда буд.