Озарахш пас аз чанд рӯзи беморӣ ба ҳуш омад

0
195

Озарахш пас аз чанд рӯзи беморӣ ба ҳуш омад

Наздикони Озарахш, шоири саршиноси Тоҷикистон ва сардабири маҷаллаи “Паёми Суғд” аз беҳбуди нисбии вазъи ҷисмонии вай хабар дода гуфтанд, ки пас аз чанд рӯзи беморӣ, ӯ ба ҳуш омадааст

ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Фараҳманд Каримов, бародарзодаи Озарахш гуфтааст, пас аз чанд рӯзи беҳушӣ ӯ чашмони худро боз кард, ки ин ҳолат сабаби хушҳолии наздикон гардидааст, хабар медиҳад “Парс тудей”.

Ба иттилои манбаъ, Озарахш ба ҳуш омадааст, аммо то ҳол ба дастгоҳи танаффуси маснӯӣ васл мебошад. 

Қаблан масъули раёсати идораи тандурустии вилояти Суғд бо таъйиди карантин шудани ду шоири саршиноси Тоҷикистон, гирифтории онҳо ба маризии коронавирусро рад карда буд.

Қаблан Маъруфҷон Ҳоҷибоев, муовини сардори Раёсати тандурустии Суғд, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт аз он, ки Озарахш дар беморхона табобат мегиранд, шоира Фарзона машғули нигоҳубини шавҳар ҳастанд.

“Озарахш, аз ҳисоби каме шамолхурӣ, ба илтиҳоби роҳи болоии нафас гирифтор шуда, аз ин ҳолат тасф кардаанд. Ҳоло барои муолиҷаи он дар беморхона қарор доранд. Саломатии Фарзона хуб аст ва танҳо барои нигоҳубини шавҳарашон ба беморхона омадаанд”, – таъкид намуд, Ҳоҷибоев.

 Фарзона чанде қабл шеъри тозаэҷоди худро дар мавзӯи коронавирус бо шеваи муноҷот ба Худо ба нашр расонд ва ҳамагӣ чандрӯзи пеш ин шеър аз ҷониби сарояндаҳои суғдӣ бо роҳбарии Шермуҳаммад Шерматов ба оҳанг дароварда шуда ва бандубасти клипи он дар студияи “Муҳаммад” ба иҷро расонида шудааст.

 

Источник: sputnik-tj.com